Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Мизи мудаввар дар мавзўи: «Масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ»

Мизи мудаввар дар мавзўи:

«Масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ»

 

        Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии “Нақша – чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани хизматҳои машваратӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе санаи 30-юми августи соли 2022 дар мавзўи «Масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ» мизи мудаввар баргузор намуд.

      Дар чорабинии мазкур, мутахассисони мақомоти дахлдори давлатӣ, намояндагони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, ба ҳозирин дар хусуси масъалаҳо вобаста ба пардохти музди меҳнат, пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид, пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат, вақти истироҳат, рухсатиҳои меҳнатӣ, бастан ва бақайдгирии огоҳонии шартномаҳои коллективӣ, коллективи меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат ва паҳлуҳои дигар талаботҳо, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ бармеоянд маълумот манзур намуданд.

        Бояд тазаккур дод, ки дар чорабинии болозикр кормандони бахши кадрҳо, муҳосибон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва омўзгорони  зиёда аз 60 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла бастани шартномаҳои коллективӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таълимӣ гузаронидани омўзгорон аз муоинаи тиббӣ, оид ба рухсатиҳои бемузд, иловапулиҳо, дастгирии иҷтимоии омўзгорон ва дигар камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти кории муассисаҳои таълимӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба ҳамаи онҳо аз ҷониби мутахассисон посухҳои қаноатбахш дода шуд.

        Ҳамзамон, дар рафти вохўри аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони қобили меҳнат ва мусоидат ба муассисаю ташкилотҳо дар таъмини шароити зарурии меҳнати кормандон нусхаи баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018 №197 “Дар бораи Номгўйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории давомнок”, “Дастурамали тавсиявӣ оид ба тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид”, “Дастуруламал дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби  корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат” ва “Тартиби ҷорӣ намудани руйхати кормандони то 18-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дастраси иштироккунандагон гардида, барои роҳбарӣ ва корбарӣ тавсия дода шуд.

        Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, аз тарафи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 880 маротиба чунин чорабиниҳо гузаронида шудааст, ки ҳадаф аз ин самти фаъолияти Агентӣ барои дар амал татбиқ намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ дар муасиссаю ташкилотҳо мусоидат намуда, савияи ҳуқуқи ва маъсулиятшиносии корфармоён ва кормандонро дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ баланд мебардорад.

Раёсати ҳифзи меҳнаТ

Шарикони мо