Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
РОҲНАМОИИ КАСБӢ ЧИСТ?

       Ба мафҳуми илмӣ, Роҳнамоии касбӣ маҷмӯи чорабиниҳоест, ки барои интихоб намудани касбу ихтиссоси мувофиқ нигаронида шудаанд. Яъне роҳнамоии касбӣ танҳо бо санҷишҳои тестии интихоби касбу ихтиссос маҳдуд намешавад. Маҷмӯи роҳнамоии касбӣ якчанд марҳилаҳоро дар бар мегирад, ки барои расидан ба худамаликунии касбӣ мусоидат мекунанд.

          Қоидаҳои тиллоии интихоби касб:
✔ Барои интихоби касбу ихтиссос вақт талаб карда мешавад.
✔ Қарори мустақилона ва бошуурона аксар вақт ба худамаликунии касбӣ ва муваффақият боис мегардад.
✔ Муваффақтар аз ҳама намояндагони ҳамон касбу ихтиссосҳое мебошанд, ки бо кори худ ба одамон манфиат меоранд.

 

КАСБУ ИХТИССОС ЧӢ ТАВР ИНТИХОБ КАРДА МЕШАВАД?
Се марҳилаи асосии роҳнамоии касбӣ:

1.Худро шинохтан. Дар марҳилаи аввал, дарк намудани майлу рағбат ва имкониятҳои худ зарур аст. Барои ин метавонед аз санҷишҳои тестии роҳнамоии касбӣ гузаред ва аз мутахассиси роҳнамоии касбӣ тавсия гиред. Санҷишҳои тестии аз ҷиҳати илмӣ асосёфта барои интихоби касб ба таври  холисона арзёбӣ намудани хусусиятҳои шахсӣ, рағбатҳо, қобилиятҳои шахс мусоидат мекунанд, ки ба ҳазорҳо касбҳои бозори муосири меҳнат мутаносибанд. Равоншинос-машваратчии касбӣ барои аз байни онҳо муайян кардани муҳимтарин кумак карда, барои гирифтани ихтисос  коллеҷҳо, донишгоҳҳо ё курсҳои мувофиқро тавсия медиҳад.
2.Дар бораи касбу ихтиссосҳо ва таҳсилот маълумот гирифтан. Дар марҳилаи дуввум, вақте ки рӯйхати умумии касбу ихтиссосҳо аллакай тартиб дода шудааст, ҳама чизро дар бораи ихтиссос ва таълими тахассусӣ равшан кардан лозим аст. Барои ин, дар бораи ҳар як касбу ихтиссос аз рӯйхат, дар шабакаи интернет маълумот пайдо кардан, дар бораи мутахассисоне, ки дар соҳаи интихобкарда фаъолият доранд, видео тамошо кардан, агар имконпазир бошад, шахсан бо намояндагони ихтиссосманд муошират кардан зарур мебошад. Маълумотро дар бораи донишгоҳҳо ва коллеҷҳо инчунин дар шабакаи интернет дастрас кардан мумкин аст, аммо аз ҳама беҳтар намоишгоҳҳои таълимӣ ва рӯзҳои дарҳои кушоди донишгоҳҳои писандидаро дидан кардан.
3.Худро дар касбу ихтиссос озмудан. Пас аз анҷом додани корҳои тадқиқотӣ шумораи ихтиссосҳо дар рӯйхат кам мешаванд, дар охир бошад як ё ду ихтиссоси аз ҳама дилхоҳ боқӣ мемонанд. Дар марҳилаи сеюм ва душвортарин тавсия дода мешавад, ки ихтиссос дар амал озмуда шавад. Барои ин беҳтар аст, ки як ширкати тахассусӣ пайдо карда, ба кор ё таҷрибаомӯзӣ дохил гардад. Ин кор метавонад барои наврасон душвор бошад. Онгоҳ воситаҳои соддатар мавҷуданд: сафар ба лагери касбӣ бо басти омўзишӣ, тренингҳои тахассусӣ, сайёҳат ба ширкатҳои интихобшуда бо мақсади дар худ тасаввур кардани "мазаи" –и касбу ихтиссосро дар худ санҷидан мувофиқи мақсад хоҳанд буд.
Роҳнамоии касбӣ на танҳо бошуурона, балки барои холисона низ интихоб намудан кӯмак мекунад. Пас аз гузаштани ҳамаи 3 марҳила, наврас ё калонсол метавонад афзалиятҳои худро нисбати ихтиссосҳо мушаххасан муайян кунад ва самти рушди касбиро интихоб кунад. Барои дарёфти майлу рағбати худ, мақолаҳо ва санҷишҳои тестии Маркази ҷумҳуриявии Роҳнамои касбиро оид ба интихоб намудани ихтиссос мутолиа кунед ва барои роҳнамоии касбӣ ба Маркази мо муроҷиат кунед.

Шуъбаи машварати касбӣ ва 
интихоби касби КВД «Маркази 
ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ»
Рақами телефон: 918-28-65-50

Омодасоз: Соибҷон Зардаков

Шарикони мо