Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар ноҳияи Кушониён бо иштироки кормандони соҳаи маорифи ноҳия семинари омӯзишӣ баргузор шуд. Ҳадаф аз баргузории семинар шарҳу тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба тартиби таҳия ва тасвиби шартномаҳои меҳнатӣ ва шартномаҳои коллективӣ мебошад.