ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ, ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ОИД БА ҶАМБАСТИ СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2025 БАРГУЗОР ГАРДИД.
Имрӯз 10- уми январи соли 2025 Ҷаласаи Шӯрои Агентии меҳнат, ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он директори Агентӣ муовини якум ва муовини директори Агентӣ, сардорони раёсат, шуба ва бахшҳои Агентӣ, сардорони раёсат ва шубаҳои сохтори Агентӣ, муассисаҳои системаи тобеи Агентӣ иштирок доштанд.
Маҷлиси шӯърои Агентӣ як масъаларо дарбар гирфт, “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2024”
Дар оғози маҷлис директори Агентӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашурали ҷаласаро оғоз намуда, баъдан маърӯзаи ҳисоботии муовини директори Агентӣ Муродзода Умед шунида шуд. Қайд гардид, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолиятро дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шуданд, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои кансепсия стратегия ва барномаҳои давлатиро ба роҳ монда, дар соли 2024 корҳои муайянро ба сомон расонид.
Инчунин бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидан низ дар Ҷаласаи Шӯрои Агентӣ аз ҷониби директори Агентӣ баён гардид.
Дар охири Ҷаласаи Шӯрои Агентӣ муовини якуми директори Агентӣ Иброҳимзода Саидакбар Ҳомидҷон дар суханрони худ як қатор масъалаҳоро бараси намуда, баъдан аз ҷониби директори Агентӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.