Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
МАҚСАДИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ

      Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоиҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди  иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"  ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 703 аз 31-уми  декабри соли 2020 " Дар бораи Барномаи касбомўзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", шуъбаи машварати касбӣ ва интихоби касби Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии  касбӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон,  соҳибкасб намудани онҳо бо дар назар доштани талаботӣ бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ, боло бурдани сатҳи дониши ҷавонон ва шаҳрвандон нисбати касбҳои  омўхта ва интихобшуда ва талаботи онҳо дар бозори меҳнат як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба касбомўзӣ дар якҷоягӣ бо зерсохторҳои Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳою  идораҳои  дахлдор, ки дар сохтори худ муассисаи таълимӣ доранд дар назар дошт.

    Ин яъне таҳияи тестҳо, нақшаю пурсишномаҳои  нави  машваратҳои  касбӣ, равонӣ, тадқиқоти сотсиологӣ мутобиқи меъёрҳои касбӣ, ташкили фонди тестҳо ва гузаронидани машваратҳои касбӣ барои ҳама намудҳои касб ва ихтиссосҳои коргарӣ, васеъ намудани доираи  хизматрасониҳои  роҳнамоии  касбӣ  барои интихоби  касби  дурусти  хатмкунандагони  муассисаҳои  таълимии  таҳсилоти  умумии  асосӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар  чорабиниҳо  дар  назардошт  аст.

        Бо ҳамроҳии маркази таълими калонсолони дар вилояти Хатлон буда як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ, яъне таъсис додани сомонаҳои интернетӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти калонсолон ва тавассути онҳо ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, таҳия ва нашр намудани дастурамалҳои таълимӣ- методӣ, буклетҳо ва роҳнамо оид ба интихоби касб ба нақша гирифта шудааст.

      Дар  давраи  ҳозираи  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  тамоми шаҳрвандон лозим ва зарур аст, ки тарзи дурусти интихоби касбро пешаи худ карда ва он касбҳоеро, ки ҳатман дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ талабот доранд ба худ пеша созанд..

      Ин талаботӣ замон буда ва заруриятро ба амал меорад.

     Аз руи пешгўии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то соли 2030 аҳолии ҷумҳури ботадриҷ  афзоиш ёфта  ба 11,5 млн нафар мерасад, ки он ба зиёдшавии аҳолии  синни  қобили меҳнат меоварад,  ин  яке аз сабабҳои интихоби дурусти  касб ба шумор меравад ва талаб месозад,ки  на танҳо ба касбҳои дохилӣ, балки ба касбҳои берунмарзӣ  ҳам таваҷуҳ бояд кард.      

     Тарзи дурусти интихоби касб ин интихоби дурусти роҳи ҳаёт ба шумор меравад ва  бояд кушиш  кард, ки ҳаёти худ  ва наздикони  худро хубтару ғанитар  гардонд.

Сармутахассиси шуъбаи "Машварати касбӣ ва интихоби касб" 
дар вилояти Хатлон   Ф.Насриддинов

 

Шарикони мо