Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БА НАФАҚА БАРОМАДАНИ КОРМАНДИ СОБИҚАДОРИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

БА НАФАҚА БАРОМАДАНИ КОРМАНДИ СОБИҚАДОРИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Санаи 9-уми декабри соли 2025 аҳли кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, яке аз кормандони собиқадори хизмати давлатӣ, мутахассиси варзидаи соҳа Абдулҳақова Иғболбӣ Раҳматуллоевна, ки солҳои зиёд дар ин ниҳод фаъолият карда, барои рушди ин соҳа, яъне шуғли аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои тарҳрезии буҷет ва таҳлили молиявӣ низ саҳми арзанда гузоштааст, ба нафақа гусел карданд.

Ин амал нишонаи он аст, ки корманд давраи пурбору пурмасъулияти касбии худро пешбурд карда, бо шараф ба нафақа мебарояд. Собиқадорон чун дороии маънавии сохтор боқӣ мемонанд ва таҷрибаи онҳо барои идораҳои давлатӣ ҳамчун сармояи кадрӣ арзиши баланд дорад.

Дар чорабинӣ роҳбарияту ҳамкорон суханони табрикотӣ иброз намуданд.

Шарикони мо