Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ҳунар беҳтар аз ганҷи Қорун бувад.

                                                                            Ҳунар беҳтар аз ганҷи Қорун бувад.

          Филиали Муассисаи давлатии “ Маркази таълими  калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти №115 аз 05 марти соли 2008 бо мақсади қонеъ намудани талаботи шаҳрвандони калонсол ба таълими касбӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзи, бозомӯзӣ ва такмили истисос мутобиқ ба Оиномаи Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълими ва дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба роҳ монда ҷиҳати ҳарчи бештар ба омӯзиш ва валидатсиякунонии малакаҳои касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон дар доираи 31 касбу ихтисосҳои коргарӣ мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда фаъолият дорад.

           Филиал бо барномаҳои мушаххаси таълимӣ, китобу дастурҳои методӣ, заминаи моддию-техникии созгор таъмин  буда,  омӯзгорони бо таҷриба дар раванди таълим ҷалб карда мешаванд.

     Мо ба шаҳрвандон омӯхтани касбҳоеро пешниҳод мекунем, ки дар бозори меҳнат ба онҳо ҳамеша талабот  зиёд ҳаст.

          Масалан дӯзанда, сартарош (ороишгари муй, руй, нохун), қаннод-ошпаз, омӯзиши асосҳои компютер, кафшергари барқию газӣ, сантехник, челонгари асбобҳои рўзғор, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, пешхизмат, фермер-соҳибкор, харрот, дуредгар, қуроқдӯз, устои коркарди сангҳои қимматбаҳо, заргарӣ, андовачӣ-рангуборчӣ, барқчӣ, таъмиргари таҷҳизоти барқӣ, ҷангалбон, борбанд, арматурчӣ-бетончӣ, сохтмончӣ, зардӯз, муҳосиб (бо омӯзиши асосҳои кор дар компютер), назоратчии барқ, фӯрушандаи маводи хӯрока, тракторчӣ-механизатор, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, омӯзиши забони русӣ, омӯзиши забони англисӣ ва ғайра дар маҷмӯъ аз рӯи 31 номгӯи ихтисосҳо.

        Филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро аз руйи се самт ба роҳ мондааст.

 

 1. Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ

2. Худмаблағгузор

3. Валидатсиякунони малакаҳои касбӣ

          Марҳилаи ҳозиразамони инкишофи иқтисодӣ - иҷтимоӣ  зарурияти хеле баланд бардоштани сифати таълим тайёр кардани мутахассисонро тақозо менамояд. Аз як тараф, агар ин зарурият аз ҳисоби пешрафти илмӣ-техника бошад, натиҷаҳояш амалан дар ҳамаи соҳаҳои касбӣ ва иҷтимоии инсонҳо зоҳир гардидааст, аз он ҷумла, дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз тарафи тадқиқоти комплексӣ, таъминкунандаи эҷодкорӣ, истифода ва тақсимоти дониш дар фазои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ки дар он инноватсия падидаи системавӣ қарор мегирад, аҳамияти калон дорад, ки прогресси илму техника талаботҳои навро на танҳо худи инсон, балки ба соҳаи таҳсилоти касбӣ низ пешниҳод менамояд.

        

        Имрӯзҳо дар кишвар талаботи калонсолон ба бахшҳои кўтоҳмуддати таълим афзудааст, яъне касбомӯзон таълими кўтоҳмуддатро интихоб мекунанд. Албатта, барои онҳое, ки касби худро иваз карданианд ё касберо, ки талабот ба он зиёд аст азхуд намуда, зудтар ба бозори меҳнати дохилӣ ё хориҷӣ ворид шуданианд, ин шакли таълим хеле қулай мебошад.

         Филиал  дар  робита  ба  дастуру  супоришҳои  Асосгузории  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  ки  зимни  ироаи  Паёмашон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки   рӯзи 21 декабри  соли  2021 баён  доштанд  дар  бораи  “ Барномаи  давлатии  мусоидат  ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” тадбирҳои  мушаххас  андешида  ва  ҳарчи  бештар  барои  ҷалби  шахсони бекоре,   ки  синнашон  аз  18  сола  боло  бо  ҷалби  онҳо  ба  курсҳои  кўтоҳмуддати  касбӣ  фаро  гирифта  шаванд.

   Имсол дар паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор карданд, ки дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандон ба касб фаро гирифта шаванд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат бори дигар моро во медорад, ки ҳарчи бештар ба соҳибкасб намудани аҳолии мамлакат талош намуда, мутобиқ ба бозори меҳнат шаҳрвандонро ба касбомўзӣ ва бозомўзӣ фаро гирем, касбу ихтисосҳои замони муосирро рушд дода, талаботи корхонаҳои истеҳсолии кишвар ва хориҷи онро  қонеъ намоем.

  Филиал ҷиҳати ҳамкории судманд бо шуъбаҳои Агентии меҳнат ва  шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар асоси шартнома, ҳамзамон бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар самти ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва бо истифода аз усулҳои нави таълимӣ ва нақшаю барномаҳои такмилдодашуда фаъолият менамояд. Филиал дар асоси шартнома ва роҳхатҳои раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб дар соли ҷорӣ мо тавонистем, ки бо ҷалби шаҳрвандон ба чунин нишондиҳандаҳо ноил гардем. Шумораи умумии шаҳрвандоне,ки тибқи роҳхатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  ба курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд 251 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 118 нафарашонро ҷавонон ва шаҳрвандоне, ки синнашон аз 18 сола боло буда ва бешуғли доимӣ ҳастанд онҳоро ба омӯзиши касби кафшергар, муҳосибӣ, боғпарварӣ фаро гирифта 133 нафари дигарашонро, ки занону духтарони хонашини бе шӯғли доимӣ ташкил медиҳанд ва барои омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, қаннод, чаканидуз, қолинбоф фаро гирифта шуданд.

Филиали Муассиаси давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб қабули шаҳрвандонро барои омӯзиш дар курсҳои кўтоҳмуддати касбомӯзӣ ва бозомӯзи даъват намуда, бо дастгирӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат дар самти соҳибкасб намудану ба шуғл фаро гирифтани мардуми шарифи Тоҷикистони азиз талош намуда, кушиш менамоянд, ки саҳми босазои худро гузоранд.

                                                                                                                                                                                                                              Исмоилов Умарҷон

                                                                                                                                                                                                                              Директори ФМД “Маркази таълими

                                                                                                                                                                                                                                калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Кўлоб

 

 

 

 

Шарикони мо