Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Гузориши матбуотӣ

                        Гузориши матбуотӣ

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри  соли 2021 ва дар доираи нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи бештар таъмин намудани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолии ҷумҳурӣ бо ҷойи кор ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро  дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, назди бинои Театри давлатии ба номи Меҳрубон Назаров 2 июни соли 2022, соати 10 00 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор менамояд.

Дар ин  чорабинӣ  25 ташкилоту муассисаҳо дар шаҳр ва ноҳияҳои ВМКБ фаъолиятдошта даъват шудаанд, ки  310 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод (музди миёнаи меҳнат 971 сомонӣ), аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт ва алоқа 3 ҷои кори холӣ  (музди миёнаи меҳнат 975 сомонӣ), маориф ва фарҳанг- 60 ҷой (музди миёнаи меҳнат 863 сомонӣ), тандурустӣ – 68 ҷой (музди миёнаи меҳнат 1100 сомонӣ), хоҷагии манзилии коммунали 3 ҷой (музди миёнаи меҳнат 500 сомонӣ)   ва дар дигар соҳаҳо 176 ҷой  (музди миёнаи меҳнат 1011 сомонӣ) ва  ҶДММ “Заринк” 144 ҷой, дар маҷмуъ 454 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод  ба шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ  пешниҳод карда мешаванд.

       Ҳамзамон, субъектҳое хоҷагидоре, ки барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғуланд, ҷойҳои кории холии дар хориҷи кишвар мавҷудбударо бо нишон додани андозаи  музди меҳнат ва талабот ба сатҳи малакаю маҳорати мутахассисон  ба шаҳрвандони бекор пешниҳод менамоянд.

        Инчунин, аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ ба 300 нафар шаҳрвандоне, ки касбу ихтисос надоранд барои касбомўзӣ дар доираи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рўшон, Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъа ба касбомўзӣ роҳхат дода мешаванд.

 

       Мутахассиси  шуъбаи  иттилоот

               Фарангези Ҷамолидин

 

Шарикони мо