БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Санаи 19-уми ноябри соли ҷорӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба Ватан бозгашта ҷиҳати интихоби кори мувофиқ ва ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисони ба талаботашон мувофиқ аз ҷониби раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар КВД “Бозори деҳқон” ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.
Дар ярмарка корхонаю ташкилот, муассисаҳо, ширкатҳо ва марказҳои касбомӯзӣ иштирок карда, ба корҷӯён ҷойҳои кории холӣ ва хизматрасониҳои касбомӯзиро пешниҳод намуданд.
Дар ярмаркаи мазкур муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ ва директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон ширкат варзида, бо намояндагони корхонаю ташкилотҳо ва корҷӯён мулоқот намуданд.
Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва эҳтиёҷ ба ҷойҳои нави корӣ, ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум маҳсуб меёбад. Ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ як василаи муҳими пайваст кардани кордиҳандагон бо шахсони ҷӯяндаи кор ба ҳисоб меравад.