Дар шароити имрӯза, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноаткунонии кишварро ҳадафи чоруми стратегии давлат эълон кардаанд, интихоби бошууронаи касб аҳамияти беш аз пештара пайдо кардааст.
Ҷараёни интихоби касб раванди мураккаб буда, дар назди роҳнамоии касбӣ вазифа мегузорад, ки лаёқату истеъдод, шавқу рағбат, имкониятҳо ва талаботи бозори меҳнатро ба назар гирифта, шаҳрвандро ба касби муайян раҳнамун созад.
Барои интихоби дуруст ва бошууронаи касб бояд омилҳои мушаххас, ахборот, иттилоот ва омўзиш ба шаҳрванд пешниҳод карда шавад. Аз ин ҷиҳат ҷустуҷў ва дарёфти роҳҳои нави таблиғоту ташвиқот аз ҷониби ҳар як корманди роҳнамоии касбӣ вобастагии калон дорад. Барои интихоби бошууронаи касб, пеш аз ҳама, мулоҳиза, таҳлил ва дурандешӣ лозим аст.
Мо бояд дар назди худ мақсад гузорем, ки дар самти интихоби бошуурона ва дурусти касб мувофиқи талаботи замон дар асоси илмӣ фаъолият бурда ба манфиати давлат ва ҷомеа хизмат намоем.
Мудири бахши машварати касбӣ
ва интихоби касбӣ дар ноҳияи Зафаробод
Раҳимов И.