Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Созишномаи Генералӣ ва ҳифзи меҳнат

Созишномаи Генералӣ ва ҳифзи меҳнат

   Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин бо мақсади  иҷрои мактуби  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  аз 28-02-2022сол,№1.4/273 оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ,баргузории мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратӣ,омӯзишӣ,дастурдиҳӣ ва расонидани кӯмакҳои методӣ оид ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020,№701 “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023”,боби 31-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шартномаи коллективӣ” аз моддаҳои 306 то моддаи 313,боби 32 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Назорат ва ба қайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ аз моддаи 314 то моддаи 316, қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018,№18 “Дар бораи Низомномаи (намунавии) Хадамоти (раёсати,шуъбаи,бахши) ҳифзи меҳнат  дар ташкилот”  дар маҷлисгоҳи шуъба бо иштироки кормандони соҳаи тиб,саноат ва маориф семинар –машварат баргузор намуд.

     Бодуров Мадамон-сардори хадамоти ҳифзи меҳнат дар кумаки аввалияи санитарию тиббии ноҳия дар баромади худ ба масъалаҳои муҳайё намудани шароиҳои корӣ,риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар самти меҳнат баромад намуд.Бодуров М хоҳиш намуд,ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои дастрас намудани маводҳои дастурҳои методию ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ ба кормандони хадамоти ҳифзи меҳнат ёрӣ расонанд.

    Масъулони шуъба ба иштирокчиён обуна шудан ба рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”-ро тавсия дода ба онҳо сомонаи WWW.shugl.tj. ва сомонаи Бахши иттилоотии дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолиро доданд.

     Раиси иттифоқи касабаи кормандони кумаки аввалияи санитарию тиббии ноҳия Қурбонов Давлат доир қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020,№701 “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” баромад намуда бахши ҳифзи иҷтимоӣ,кафолатҳо ва суғуртаи иҷтимоиро дар самти  омӯзиш ва омода намудани пешниҳодҳо оид ба ҷорӣ намудани имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба кормандони тиб,ки бо бемории сироятии хавнок(бемории короновирус,илтиҳоби шуш ва ғайра) дар тамос буда ,сироят ёфтанд,фавтиданд ё маъюб шуданд,ҷонибдорӣ намуд.

    Мирзоева Зумратбӣ раиси иттифоқи касбаи КВД “Дӯзандагӣ”таъсиси  хадамоти (раёсат,шуъба,бахш)-и ҳифзи меҳнатро  дар ташкилот ҳамчун омили иҷрои моддаи 355 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 5 Созишномаи генералӣ,ки мусоидат намудан дар таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат дар ҳамаи ташкилотҳо,ки зиёда аз 50 корманд доранд,номид.

     Шералӣ Икромов- сардори хадамоти ҳифзи меҳнат дар беморхонаи марказӣ дар баромадаш қайд намуд,ки тавассути ҳамкории онҳо бо раёсати молия масъалаи пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тиб бо таври мусбӣ ҳал гардид.

        Мирзоева Шарифамо-ҷойнишини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 1 дар баромади худ  таъмини омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ,ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд,ба қарзҳои бефоиз ё имтиёзнок аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда ва таҷдиди назар намудани механизмҳои хизматрасонии комуналии имтиёзнок барои омӯзгоронро  чун воситаи пешгирии ба муҳоҷираити меҳнатӣ рафтани омӯзгорон арёбӣ намуд.Мавриди зикр аст,ки дар Созишномаи генералӣ ин нукта махсус қайд гардидааст.

        Ба хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 1,ки дар семинар-машварат иштирок доштанд ва ба бозори меҳнат дохил мешаванд,оид шартномаи меҳнатӣ,дафтарчаи меҳнатӣ ва кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои муфассал дода шуд.

      Нусхаи низомномаи   хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот тариқи хаттӣ ва элекронӣ ба корхонаю ташкилотҳо дастрас карда шуд.

    Дар кори семинар-машварат хабарнигори рӯзномаи ноҳивии “Насими Терай”Ҷума Назрӣ иштирок намуд.Чорабинӣ муфид ва пурмазмун гузашт.

 

 

            Назаров Шайдулло-сармутахассиси

       Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли

                  дар н.Шамсиддин Шоин

 

Шарикони мо