Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ТАМАННИЁТИ НЕК

ТАМАННИЁТИ НЕК

Ҷомеаи меҳнатии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтирому самимияти бепоён ин рӯзи пурфайзу пурсаодатро, ки бо ҷашни мавлуди ҷавони кордону масъулиятшинос, шахси пуртаҷриба, ташкилотчии моҳир МУРОДЗОДА УМЕД – муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ рост меояд, муборакбод менамояд.

Дар ин рӯзи хуҷаставу пурбаракат барои Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, садоқату устуворӣ дар кор, файзу баракати зиндагӣ, нусрату муваффақиятҳои пайваста, равшаниву гармии рӯзгор орзӯ менамоем.

Бигзор таҷрибаи ғанӣ, ҷаҳонбинии васеъ, иродаи қавӣ ва меҳнати содиқонаи Шумо ҳамеша дар роҳи хизмати давлатии ватандӯстона чароғи роҳнамо бошад. Таманно дорем, ки минбаъд низ дар рушди соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумат боз ҳам ҳиссаи арзандаи худро бигузоред.

Шарикони мо