ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ — БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ
«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити муосир яке аз хатарноктарин ва паҳншудатарин зуҳуроти ҷаҳон — терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин падидаҳо на танҳо оромию субот ва тартиботи ҷомеаро халалдор месозанд, балки дар зиндагӣ, андеша ва руҳияи одамон ҳисси тарсу ваҳм, бесуботӣ, бадбинӣ ва ноумедиро ба вуҷуд меоранд. Ҳар касе, ки ба доми гуруҳҳои ифротгаро меафтад, аз муҳити инсонгароӣ ва ҷомеасозӣ дур шуда, ба василаи дасти душманони суботу амнияти давлат табдил меёбад.
Терроризм ҳамчун як падидаи хавфнок аз роҳу усулҳои гуногуни зӯроварӣ – таркондан, қатл, таҳдид, тарсондан, саркӯб ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, геополитикӣ ё динӣ истифода мебарад. Экстремизм бошад, замина, идеология ва муҳаррики асосии терроризм маҳсуб меёбад, ки бо таҳрифи арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангӣ зеҳни қисме аз ҷавононро заҳролуд менамояд.
Дар ҷаҳон ва махсусан дар минтақаи мо омилҳои зерин ҳамчун заминаи рушди ин вабои аср эътироф карда мешаванд: саводи нокифояи динии мардум, бахусус ҷавонон, сӯиистифодаи гуруҳҳои иртиҷоӣ аз эътиқоди мардум, фақр, бекорӣ ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, таҳрифи таълимоти динӣ ва ақидаҳои мазҳабӣ тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мудохилаи қудратҳои хориҷӣ, ки ба ноором гардидани баъзе минтақаҳои ҷаҳон манфиат доранд.
Имрӯз технологияҳои иттилоотӣ ба гуруҳҳои ифротгаро имкони ҷалби ҷавонон, паҳн кардани ақидаҳои радикалӣ ва ташкилкунии амалиётҳои террористиро осон намудааст. Аз ин рӯ муборизаи самаранок бар зидди ин падидаҳо танҳо бо роҳи ҳамкории кишварҳо, маърифатнокию таҳкими шуури миллӣ ва сафарбарсозии ҷомеа имконпазир аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъол дар муборизаи байналмилалӣ бар зидди терроризм ва экстремизм маҳсуб ёфта, барои таъмини суботу амнияти кишвар ва минтақа тадбирҳои ҷиддӣ меандешад.
Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-ум то имрӯз қадамҳои устувор дар ин самт гузошта шудаанд. Дар соли 1999 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм», ва дар соли 2003 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» қабул гардиданд. Ин санадҳо заминаи ҳуқуқӣ ва механизми ягонаи муборизаи давлатӣ бар зидди ин зуҳуроти хатарнокро таъмин намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СААД, СҲШ ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории фаъол дорад. Дар кишвар стратегияи миллии пешгирии экстремизм ва терроризм амал мекунад, барномаҳои маърифатӣ миёни ҷавонон, донишҷӯён ва аҳолӣ роҳандозӣ шудаанд ва ниҳодҳои қудратӣ фаъолона барои пешгирӣ ва безараргардонии гуруҳҳои ифротӣ кор мебаранд.
Терроризм танҳо ҷабру зӯроварӣ нест — ин хатарест, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир мерасонад: косташавии амнияти миллӣ, вайроншавии ваҳдати миллӣ ва суботи кишвар, коҳиш ёфтани иқтисод ва сармоягузорӣ, аз даст рафтани ҷони одамон, харобшавии оилаҳо ва беустувории равонии ҷавонон, зиёдшавии гурезагон ва нооромӣ дар минтақаҳо.
Аз ин рӯ мубориза бо терроризму экстремизм танҳо вазифаи давлат нест, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибватан мебошад.
Терроризм ва экстремизм воқеан ба ягонагӣ, сулҳ, субот ва пешрафти давлатҳо таҳдиди ҷиддӣ доранд. Танҳо дар шароити муттаҳидии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими эҳсоси ватандорӣ ва риояи қонун метавонем аз ин фалокати ҷаҳонӣ эмин бимонем.
Амнияту оромӣ — неъмати бузург аст, ки ҳифз ва посбонии он вазифаи ҳамагон мебошад.
Сафаров Фирӯз
Сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар