Ахборот
аз рафти баргузории Семинар – машварат дар мавзӯи
“Коррупсия – хатари ояндасӯзи амали инсонӣ”
Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣсанаи 21 феврали соли 2023 Семинар-машварат дар мавзӯи “Коррупсия – хатари ояндасӯзи амали инсонӣ” бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозири раёсати муққовимат ба коррупсияи Агентӣ, подполковники адлия Носирӣ Алишер Қаҳҳор ва сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, подполковники адлия Назриён Васлибек Қурбон, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорон ва сармуҳосибони мақомотҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорон ва сармуҳосибони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ» ва муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ оғоз намуда, қайд намуданд, ки баргузории чорабинии имрӯза ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2022-2023 бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии кормандони дастгоҳи марказӣва зерсохторҳои Агентӣ ва иттилоотонии онҳо оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба хусусияти коррупсионидошта ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, равона гардидааст.
Дар рафти чорабинии мазкур намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирӣ Алишер Қаҳҳор ва Назриён Васлибек Қурбон оид ба муаррифии нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», вобаста ба баҳодиҳӣва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣбарои солҳои 2022-2023 баромад намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ иброз намудан, ки баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат баста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Саҳми мо барои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб нисбати коррупсия хело ҳам калон аст. Зеро дар ҳаёти ҳамарӯзаамон мушоҳида мекунем ва мебинем, ки касоне, ки дучори ин мушкилот шудаанд, ҳам ба иқтисодиёти худ ва ҳам ба иқтисодиёти оила зарари калон ворид кардаанд. Пас мебояд, ки қаноатро пеша карда баҳри зиндагии арзанда ва барои таъмини оила аз меҳнати ҳалол истифода кунем. Зеро ки дар меҳнати ҳалол оромиши хотир ва осудагист.
Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ