ТАМАННИЁТИ НЕК
Ҷомеаи меҳнатии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтирому самимияти хоса ин рӯзи пурфайз ва муборакро, ки бо ҷашни мавлуди ҷавони кордон, донишманд, масъулиятшинос, фаъолу ташкилотчӣ ва шахси меҳнатдӯсти фарҳангӣ ЭРАҶ ҲАЛИМӢ АБДУРРАҲИМ — сармутахассиси шуъбаи тарҳрезии буҷет ва таҳлили молиявии раёсати тарҳрезию молияи Агентӣ рост меояд, табрик ва таҳният мегӯяд.
Дар ин рӯзи хуҷаставу пурсаодат барои Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, баракати рӯзгор, файзу нусрат дар кор, рушду камоли касбӣ, устуворӣ дар мақсад, ору фароғати зиндагӣ ва амалӣ шудани ҳамаи ниятҳои нек ва орзуҳои созандаатон орзӯ менамоем.
Бигзор донишу таҷрибаи Шумо ҳамеша баҳри пешрафти фаъолияти Агентӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ роҳандозӣ гардад. Таманно дорем, ки минбаъд низ бо меҳнати софдилона, масъулияти баланд ва садоқати хидматӣ обрӯи корманди давлатиро боз ҳам афзун гардонед.