Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
             МУЛОҚОТ БО  САФИРИ ҶОПОН ДАР ДУШАНБЕ

                                                                                              МУЛОҚОТ БО  САФИРИ ҶОПОН ДАР ДУШАНБЕ

   9 декабри соли 2024 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо Сафири Ҷопон дар Душанбе Тошиҳиро Аики мулоқоти арзи адаб (хайрбодӣ) намуд.

Зимни мулоқот тарафҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Гулнора Ҳасанзода миннатдории худро ба Сафир барои мусоидат ва саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи асосҳои заминавии ҳамкории иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми “Мутахассиси соҳибмалакаи махсус” аз 8 августи соли 2024 баён дошта, ҳавасмандии худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санади мазкур бо назардошти манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар ва ҳарчӣ зудтар сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷопон изҳор кард.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.

Шарикони мо