ҲАМКОРИҲО ИДОМА ДОРАНД.
Филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Ёвон мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 373 аз 1 августи соли 2008 “Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор” ба тасвиб расидааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар санаи 21 декабри соли 2021. “Бори дигар таъкид намуданд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро ки, касбу ҳунар надоранд, ба кабу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб- гардонидани шаҳрвандон” тадбирҳои ҷиддиро роҳандози менамоянд.
Бо чунин мақсад барои ба талаботи замон љавобгў гардонидани сифати таълим ва сатњи касбомўзї дар њамбастагї бо ташкилоти Ҳайати Шафқат дар Тоҷикистон (MERCY CORPS) дар асоси барномаи “Омодасозии ҷавонон ба оянда: Ҷорисозии омӯзиши малакаҳои нави касбӣ ва таълимӣ дар Тоҷикистон”-ро амали намуда истодааст. Барномаи аз ҷониби фонди Ғамхории Дубай (Dubai Cares) маблағгузорӣ мешавад. Мақсади барномаи мазкур ин омода намудани ҷавонон барои дастрасӣ ва баҳрабардорӣ аз имкониятҳои мавҷуда ва ояндаи иқтисодӣ тавассути омӯзонидани наврасони синни 15-19 сола бо малакаҳои ҳаётӣ ва омодагӣ ба кор ва таъмини ҷавонони синни 19-35 сола бо малакаҳои касбӣ ва инчунин беҳтаргардонии хизматрасонии муассисаҳои касбомӯзӣ, ба ҷавонон таълим додани малакаҳои касбӣ ва рушддиҳии соҳибкорӣ бо мақсади таъмин намудани онҳо бо даромади устувор мебошад. Дар асоси натиҷаҳо ва тавсияҳои баҳодиҳии бозори меҳнат, ки дар соли аввал гузаронида шуда буд, 12 номгӯи касбҳо дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ интихоб шуданд: дӯзанда, попурдӯз, қаннод, сартарош, кафшергар, барқч, таъмири асбобҳои барқӣ, таъмири телефони мобилӣ, сантехник (челонгар), устои таъмири нақлиёт, челонгари таъмири автомобил ва сабзавотпарвар ва ғайра. Барои курсҳои сайёри касбомӯзӣ дастгоҳу таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда шуданд, ки ба сифати гузаронидани дарсҳо таъсири мусбат мерасонад. Давоми соли 2021 дар ҳамкорї бо ташкилоти мазкур дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо маќсади омӯзиши малакаҳои касбӣ ба ҷавонон, то ки он ба бозор нигаронидашуда, баландсифат ва дастрас бошад, беш аз 600 нафар љавонон ва занони хонашин ба касбомӯзи ҷалб карда шуданд. Барнома курсҳои сайёрро дар ҳудуди деҳаҳои ҳадафӣ ба роҳ монд. Қисми дуввуми фаъолиятҳои дастгирии пас аз хатм гузаронидани омӯзиш дар мавзӯи “Асосҳои соҳибкорӣ” мебошад. Ҳадаф аз ин омӯзиш ин пешбарии фаъолияти соҳибкории хурд миёни касбомӯзон мебошад. Омӯзиши мазкур аз 3 рӯз иборат буда дар он мавзӯъҳо ба монанди намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, таҳияи нақшаи соҳибкорӣ, таҳлили SWOT; маркетинг, бақайдгирии тиҷорат; молия ва андоз фаро гирифта мешаванд. Дар моҳхои декабр ва феврали соли 2022 дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ омӯзишњо бо иштироки 86 нафар хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ гузаронида шуд. Дар охири тренинг, ҳамаи иштирокчиёни хоҳишманд дархост барои гирифтани кӯмаки моддӣ дар намуди таҷҳизоти корӣ метавонанд нақшаҳои соҳибкории худро пешниҳод кунанд.
Боз дар нақша аст, ки беш аз 200 нафар љавонон дар ноњияњои Ёвон ва Абдурањмони Љомї ба касбомӯзї фаро гирифта мешаванд.
Солиҳов Қурбоналї
Директори Филиали Муассисаи давлати
“Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Ёвон