Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Маҳкум мекунем

   САД ҲАЙФ! …

     Мард кист ва номард кист? Эҳсос мекунам, ки шумо, хонандаи азиз, ҳатман хоҳед гуфт: «Охир, кӣ намедонад, инро? Ягон мавзуи муҳимтаре набуд, ки интихоб кунед? Чор тараф нигоҳ кунед, дастатон ба гуна-гуна мавзуъ мерасад».

Дуруст, Шумо ҳақ ҳастед, хурду бузург, хосса соҳибназарон, мардиву номардиро дар суҳбатҳо ва гоҳи танҳоӣ дар зеҳни худ ташхис кардаанд; медонанд, ки аз марди асил ҳеҷ гоҳ номардӣ наояд. Марди асил якрўву адолатхоҳ, ҳалолкор ва ба касе зиён намерасонад, дасти фитодаро мегирад, дар бари бемор чун модар менишинад, тасалло медиҳад, пораи уфтодаи нонро аз замин мебардорад, дардошност ва аз ў чашми ёрӣ интизор шудан хато нахоҳад буд. Кору рафтори дуруст, ки дорад, доимо «ҳазор раҳмат» мешунавад. Пиру барно самимона дар ҳаққаш мегўянд: «Ҷавонмард аст, марди ҳақиқист, хока гирад, зар шавад, аз умр баракат бинад…»

Ин гуна мардро ҳама суроғ мекунад. Вақте ки кас ба ягон мушкилӣ рўбарў меояд, дари хонаи мардро ангушт мезанад. Медонад, ки ў ҳоҷатбарор аст, сухан ба замин намегузорад, ноумеду сархам намекунад. Коруфтод ба дари хонаи мард меравад, на ба дари хонаи номард. Бо дидани мард хушамон меояд, дар суратамон табассум гул мекунад. Чунки ў банур аст, дидораш гарму ҷозибае дорад, моро ба сўйи худ мекашад. Аз суҳбаташ руҳ мегирем, ҷавонтар мешавем. Зеро дақиқан ба гўшамон нишаста:

 

       Суҳбати марди Худо мардат кунад,

        Суҳбати номард дилсардат кунад.

 

Шунидед, суҳбати мард мард ва аз номард дилсардат кунад?! Чаро? Зеро номард номард аст, дар гапаш нест, дурўғгўст, як рў надорад, воҳима мекунад, ҳангома месозад ва ҳама чизу ҳама касро осон мефурўшад. Ва ин зумра, гоҳҳо гуноҳро бар шонаҳои дигарон ниҳода, боз аз об хушк ҳам мебарояд. Огаҳдилон дар ҳаққи ин гуна дўстфурўшу душманшодкун мегўянд: «Падару модараш аз ин номард баракат надиданд, мо аз куҷо бинем?! Монед, ки номард ба роҳи худаш равад, вагарна, ба ягон бало гирифторамон мекунад…»

Номард дўстро ҳам фурўхтаасту душманро ҳам. Ҳеҷ кас ба ў эътимод ва бовар намебандад. Шахсест, ки забон, миллат, Ватан ва имон барояш тамоман вуҷуд надорад. Дар ин бора умуман фикр ҳам намекунад. Ҳаракаташ он аст, ки бовари дигаронро ба даст орад, сохтакорона худро инсони хуб ҳам вонамуд созад. Вале ҳеҷ гоҳ ба манфиати ҷомеа кор накардааст ва дар ин бора фикр ҳам намекунад. Ў, ҳатто ҳамсару фарзанд ва пайвандонашро фаромўш карда, танҳо худро мебинаду халос. Лек номард танҳо барои худ кору зиндагӣ кунад-ку, хуб аст, вале гоҳҳо ба решаи дигарон теша ҳам мезанад. Аламовараш ана ҳамин аст.

Ин ҳамаро Шумо, хонандаи гаронқадр, беҳтар медонед, аз мардиву номардӣ хубтар огаҳ ҳастед; хабардоред, ки гоҳе мард занашро «талоқ» медиҳад, ўро номард мегўянд; медонед, ки соате фарзанд модари пирашро ба хонаи пиронсолон парт медиҳад ва боре ҳам аз аҳволаш хабар намегирад, вайро мардум номард мехонанд; медонед, ки ғоте кас аз нафари дигар қарз гирифта, баргардондани маблағро фаромўш мекунад, ўро ҳам номард унвон медиҳанд. Ва боз чандин амалҳои нофораму шуму номатлубро аз номард шунида ва бо чашм дидаед. Аз ҳамааш огаҳед, ҳоҷат ба такрор нест. Лек як нукта мусаллам аст: омилу сабабҳое низ вуҷуд доранд, ки кас хоҳ-нохоҳ ба номардӣ мегаравад. Дуруст, ҳастанд ин гуна муҷибот. Вале ҳеҷ сабабу омиле баҳонаи  хиёнаткорӣ ба ватану миллати номард шуда наметонад.  Вуҷуд надорад чунин сабабе. Ин мадраки собитшуда ва дақиқ аст. Охир, кӣ модари азизи худ, бародару хоҳари худ ва хешу табори худро муфт ба дасти аҷнабиёну зархаридон месупорад? Боз ба кӣ? Тасаввур мекунед, ба бегонаҳои моҷароҷў – барангезандагони оташи ҷанг! Ҳадди охири номардӣ ҳамин аст. Агар душман ба ватанатон силоҳ бардорад, медонед, ки душман аст, аммо гоҳе ки ҳамватани тангравиш бо дасти бегона ба сари ҳамватан силоҳ мебардорад, дар ҳеҷ тассавур намегунҷад. Инашро дида будем, ки солҳои парешонии 92-и асри мозӣ чи гуна тоҷик ба сари тоҷик силоҳ бардошту кишварро ба вартаи ҳалокат овард, акнун инаш даромад, ки тоҷик аз кишвари бегона ва бо дасти зархаридони аҷнабӣ бар сари модари офарандаи тоҷик оташи силоҳ афканду бо ҳамин «модели наву замонавӣ»-и расидан ба қудратро пиёда сохт. Ин амали фарзандони номард хиёнати азимест, ки онро ба ҷуз ватанфурўшию модарфурўшӣ чизи дигаре арзёбӣ накунанд. Ин амали хиёнатро падарону модарон, агар барҳаёт бошанд, чӣ гуна таҳаммул намоянд? …  

Дар адабиёти муосир моно ба ин ҳодисаҳои нангин асарҳои гуногун эҷод гаштааст. Бахше аз онҳоро мутолиа кардаем. Бовар дорам, ки шумо ҳикояи «Марги ҳофиз»-и нависандаи забардасти тоҷик устод Сотим Улуғзодаро мутолиа кардаед ва ё муҳтавояшро аз омўзгорони ҳушманд шунидаед. Дар ин ҳикоя падар - ҳофизи мумтозу маҳбубе тасвир мешавад, ки соати огаҳ шуданаш аз хиёнати ватанфурўшии  фарзанд, ҳамон ўро дар пеши чашми мардум бо ханҷар ба қатл мерасонад. Ва аз шарму ҳаёи хиёнати фарзанд, то нигоҳаш ба нигоҳи одамон наафтад, ба ҷойи дуртар рафта, пасон ба синаи худ низ ханҷар мезанад. Ин ватандўстии падар буд, ки хиёнати фарзандро таҳаммул карда натонист ва Ватанро аз фарзанди нохалаф садҳо карат авлотар донисту ўро бо дастони худ бикушт. Ин гуна мисолҳои воқеӣ  дар адабиёти мо кам нестанд. Нависандагони мо онҳоро, воқеан, аз зиндагӣ бардошта, боз ҳам ба хидмати зиндагӣ додаанд. Аммо мақсуди мо дигар - перомуни паҳлуи бисёр фоҷиабору ғамангези мардиву номардии одами худӣ, ки аслан онро хиёнати комил гўянд, ҳарф задан, ҳақиқатро пешорў дидан ва ба он ҷавонмардона баҳо додан аст.

Ин ҷо мехоҳам пурсам, аз номардӣ дида, боз чӣ чизе болотар буда метавонад? Гумонам, ки ҳадди баландтарини номардӣ хиёнат ва пасон ифротгароист. Рафтору гуфтор ва муносибати як тан аз ҳамватани мо – Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси ҳизби террористии наҳзати ислом, ки дунболи барангехтани оташи ҷанг ва таҳдиди силоҳкашӣ ба Тоҷикистон аз ҳамватан гуфтанаш забони кас намегардад, дар хориҷ аз кишвар, ба кадом дараҷаи инсонӣ рост меоянд? Мард аст ё номард? Посух чун рўз рўшан аст.

Оре, Кабирӣ мард нест, номард ҳам нест! Ў болотар аз инҳо - хиёнаткор, ватанфурўш, душмани ватан, оқшудаи ҳам модар ва ҳам аз падар аст! Оқшударо дар замонаш фарзанди баномусн миллат, поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ басо рўшану саҳеҳ тавзеҳ додаанд: «Ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки ватан модари ўст, ватан хеш ва табори ўст, ватан зан, фарзанд, ҳамшира ва хоҳари ўст, ватан шараф ва номуси ўст, ватан ҳама чизи ў ва ҳаёти ўст.

Фарзанде, ки хидмати модари худро накунад, ба ў ёрӣ надиҳад ва ўро ранҷонад, на танҳо дар назари модар, ҳатто дар пеши ҳамаи ҷамъият ҳам манфур мегардад, ҳама ба ў нафрат мекунанд, ў бо унвони «оқи модар» машҳур мегардад. «Оқи модар»-ро дар ҳеҷ ҷамъияти инсонӣ роҳ нест.

Ватан ҳам мисли модар аст, балки модари ҳақиқӣ ватан аст! Чунки агар модар фарзанди худро дар шиками худ 9 моҳ ва баъди зоидан дар пеши худ 4-5 сол тарбия мекарда бошад, ватан фарзанди худро як умр аз рўзи пайдо шуданаш то мурданаш тарбия мекунад.

Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро барҳам надодааст, ватани худро монанди модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дўст медорад, ўро ҳимоят ва мудофиа мекунад».

Муҳиддин Кабирӣ чӣ? Хидмати модару падарро ба ҷо наоварда, ба онҳо ёрӣ надодаву сахт ранҷонда, дар пеши ҷамъият манфур гаштааст, афзун, сифати инсонии худро батамом барҳам дода, ватанро заррае ҳимоят ва мудофиа накардааст. Пас, оё  ў оқшудаи модар, падар ва ватан нест? Сад дар сад оқшуда аст, оқшудаи секарата! Ва ба оқшудаи секарата аз модару Ватан сухан гуфтан ба ақл рост намеояд. Чаро ки ў модару падару ватанро нашунид, дигаронро аз куҷо? Ҳо, вонамуд месозад, ки гўш мекунад, аммо намешунавад. Сад дареғ, ки чашм дорад, вале нигоҳаш ба ҷуз сияҳ чизи дигареро набинад. Бадбахтиаш ин аст, ки аз ҳавову осмону замини ватан канда шудааст, ба ҷуз аз дур ҷакидан илоҷи дигар надорад. Вале ҷак-ҷаки оқшудаи секарата ба  як тини пучак ҳам намеарзад, гунаи саге, ки ба беҳуда ак-ак мекунаду корвон ба роҳаш меравад, на чун саги бовафое, ки ак-акаш аз хатаре ҳушдор медиҳад. Ҳоло хоҳам гуфт, ки чаро?

Аввалаш, вақте ки ба кас ҳамин ватан маъқул нест, аз ҳамзабонону ҳамнишинон нафрат дорад, обу ҳавои кишвар барояш тангӣ мекунад, кастумашро сари шонаҳо партофта, ба куҷое, ки хоҳад, мардона  баромада меравад. Ихтиёр ба дасти бахтиёр. Пул дорад, аз чапу рост маблағи бедардимиён ғун кардааст, меравад хомўш ва бесару садо он ҷое, ки дилаш мекашад, зиндагӣ мекунад. Мардӣ ҳамин аст, охир! Ҳеҷ кас садди роҳи касе нагаштааст. Дунё – васеъ. Ин ватан бароят маъқулат нест, ҳеҷ гап не, мард ворӣ баромада раву моро ба ҳоли худамон гузор! Магар мо ғўра-ғўра гиря кунем, ки «бачаи кампир, илтимос, нарав, ки бе ту дар зиндагӣ раҳгум мезанем, ҳоламон табоҳ мешавад!»

Вақте ки ту, Кабирии хиёнаткор, ҳамчун узви мамнуи наҳзати ислом ва пасон аз ин ниҳод вакили мардум будӣ, ба қавле, чор тараф чарида мегаштӣ, иддае аз зиёиён бо сабабҳои тангравишии ба худашон маълум оҳиста аз ватан баромада рафтанд. Онҳо чанд сару гардан аз ту боло буданд ва дар ғурбат ҳамеша бо ёди ватан зистанд, меҳан дар боғи дилашон буд. Устоди сухан, тавонотарин ва забардасттарин шоири ҷаҳонӣ Бозор Собир, ҳарчанд ки аз шахсони алоҳида ранҷида ва ҳамчун шоири аслӣ ҳамеша алайҳи ҷараёни зиндагӣ шино мекард, дар хориҷ аз кишвар ба номи миллату ватан иснод наовард, ба сўйи ватан санг ҳаво надод. Ин ҷо аз суханони Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Косим, ки дунболи даргузашти устод Бозор Собир бо самимияти баланд портрети комили ўро офарид, ёд кардан ба маврид аст. Намуна:

“Бо амри тақдир дунёро дид устод, вале фирефтаи ҷилоҳои арзони ин ҷову он ҷо нашуд. Ҳамеша Ватанро суруд, хоку афлок, лаълу санг, гулу гиёҳ, сағиру кабир, расму оин, дирўзу имрўзи Тоҷикистонро шеъри дилрасу монданӣ кард. Солҳои дуриаш аз Ватан ҳам пайваста ашъори ба мардум наздик гуфт ва пиру ҷавонро ба миллати рў ба озодиву давлати даст ба ободӣ, ба садоқату самимияти ватандорӣ қарибтару қаринтар намуд. Шоири Тоҷикистон буд ў, шоири тоҷикон буд ва, то ин забони шеъру ин макони шоирона боқист, ҳамчунон ҳасту ҳамчунон хоҳад монд.

Бисёр сафар мекард ва ҳар бор Ватанро бо ҳама ғаму шодиаш дар дили хеш мебурду худро бо ёду хотираҳои ширини шахсияту эҷодаш дар Ватану бо ҳамватанон мемонд. Ин бор ҳам чунин аст – бо мост ў, чун дарку эҳсоси зебо бо мост, чун андешаву афкори воло бо мост, чун меҳри сўзони ин кишвари арҷманду ин миллати сарбаланд бо мост. Агар рафтааст, аз пайи шеъри нав рафтааст, барои дарёфти маънии тоза рафтааст, ба суроғи сайқали завқу таҳкими руҳу равони мо рафтааст…”

Оре, устод Бозор Собир рафтааст! Аммо худро дар чашму дилу ҷон, дар руҳу равони мардум ва миллат чун азизи азизон ҷо кард. Барои ҳамин халқ бовар дорад, ки шоири ҷаҳонӣ сафари дур рафта бошад ҳам, боз ба сурати дигар бармегардад. Мардум худро дилпур сохтааст, ки инак-инак меояд, аз наомаданаш бовар надорад. Ин эътимоди халқ ва дўстдорони ўро Низом Қосим ба худи мардум чинин пешкаш карда (интихобан):

 

Равони роҳи маънӣ бар сафар рафтасту меояд,

Ба чашми дил зи дунёи назар рафтасту меояд.

Ҳамора дилгазон аз куҳнагўӣ, куҳнароҳиҳо,

Раҳи нав ҷуста, бо роҳи дигар рафтасту меояд...

Баҳорон асту сўи пуштаҳои сабзи Файзобод

Хабаргирии лахтони ҷигар рафтасту меояд.

Ҳама розу ниёзи модари дилхастаи худро

Шунида аз лаби гўёи ҷар рафтасту меояд.

Зи дунболи бародарҳои хору зори бемораш

Савори аспи армони падар рафтасту меояд…

Ба ёдаш ғарқаи гул саҳнаҳои хотироти мо,

Ҳамон сон гулбашеъру гулбасар рафтасту меояд.

Тасалло дода худро, ҳар дилу ҳар чашми тар гўяд:

     Ба кашфи Амрикои шеъри тар рафтасту меояд…

 

Аммо ту чӣ, эй Кабирии кандабоди Файзобод, эй гарди хоки пойи Бозор Собир! Чаро ба модар, ба ватан, ба миллат хиёнат кардӣ? Чаро руҳи поки тавонотарин шоири зодгоҳатро ранҷондӣ? Охир, аз ҳамон обу ҳавое, ки Бозор Собир нўш мекарду нафас мегирифт, ту ҳам аз ҳамон баҳра бардоштаӣ! Чаро раҳи ту дигар шуду аз шоир дигар? Чаро шоир руҳи модарро шод карду ту руҳи модарро шикастӣ ва боз ҳам поймол кардан дорӣ? Ҳамин суолҳоро аққалан пушти нохун андеша кардаӣ ё на?! Оё боре нигаҳи хираат ба ин шоҳбайти Шавқати Бухороӣ уфтодааст:

 

    Ҷаҳонро равшанӣ аз мардуми бедордил бошад,

 Бувад аз дидаи моҳӣ чароғон маҳфили дарё.

 

Магар ҳамин тавр нест? Оре, ҳамин тавр! Инсони бедордил ба ҷаҳон рўшанӣ мебахшад, на торикӣ, на дашном, на бадгўйиву бар сари миллати хеш зархариду силоҳ кашидан! Ҳатто моҳӣ, ки ҳарфе аз забонаш берун намеояд, дидаи бедор дорад, дарёро барои худ чароғон мебинад. Халқ низ нодон, гўлу пакар нест, як бор ба чоҳи кандаи ту ворӣ наҳзатиҳо кўр-кўр уфтоду зарбаи ҷонкоҳе бар сараш фуромад, пароканда шуд, фирорӣ гашт ва ҳамаро барбод дод, шикасти гарони миллатро садсолаҳо барояш басанда медонад. Ба бахти миллати ҷафокашида Худованд сарвари дурандешу хирадманд, фарзанди фарзонаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон-ро бар сари қудрат овард, вагарна, ту барин наҳзатиҳои таассубгаро пўсти якдигарро медариданд ва аз куҷо ин гуна Тоҷикистони навину озод, илму фарҳангу адабиёту ҳунари миллӣ буд? Аз куҷо ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”-у нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” буд? Яқин буд, ки бо нашрияҳои “Наҷот”-у паҷотҳои маргтарсону маргборатон одамонро аз зиндагӣ дилсард ва рўзгорашонро ҷаҳаннам гардонда мегаштед. Ҳазорон бор шукр, ки халқ бо талошҳои хастагинопазиру шаббедориҳои пурранҷи Пешвои муаззамаш, ки ҳамаро дидаву озмудаву фаҳмидаву аз нав сохтааст, номардро аз хиёнаткор, сияҳро аз сафед куллан фарқ мекунад,  нуктадон аст, баҳо медиҳад, таҳлил мекунад ва аз пушти миллати рў ба озодиву давлати даст ба ободӣ рафтанашро нағз медонад. Зеро:

 

      Бар бисоти нуктадонон худфурўшӣ фазл нест,

        Ё сухан дониста гў, эй марди оқил, ё хамўш!

 

Ҳо, оқилон суханро дониставу санҷида мегўянд! Вале ту, ки бар сари ватану миллат бо силоҳи зархаридон ҳуҷум оварда, дар Бадахшон хуни ноҳақ рехтӣ, аз оқилӣ бў намебарӣ ва дар кўчаи одамгарӣ номат тамоман вуҷуд ҳам надорад. Зеро ниятҳои нопоку бадбўят чун рўз равшан гаштанд ва халқ кӣ будани туро бори дигар шинохт.

Дувум, гоҳе ки бо арроз баромада рафтӣ, ватан, миллат, мардуми зодгоҳатро бо худ бардошта набурдӣ-ку! Ватан дар ҷояш қарор аст, миллат қадам ба қадам пеш меравад, одамон бо орзуву ҳавас кор мекунанд, зиндагии тоза месозанд, фикри ободиву пешрафти фардоро меандешанд. Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонааш Эмомалӣ Раҳмон фасл ба фасл таври ношинохт тағйир мехўрад. Модоме ки ту ғами ободиву осудагии ватанро дар мағз надорӣ, ватан гунаҳгор нест, парвои ту ҳам надорад. Одам ғами ватан ва хонаву дари худро мехўрад, на ватан ғами хонаву дари одамро. Ҳар кас хонаи худро месозад, на бегона хонаи туро. Агар ранҷида бошӣ, аз одамони алоҳида ранҷидаӣ, аз миллату ватан чаро меранҷӣ? Гуноҳ, ки карда бошӣ, мувофиқи қонун ҷавоб намегўйӣ? Пас фикри он ҷоеро биандеш, ки барои худ манзил интихоб кардаӣ. Барои  миллате, ки аз дур ба сўяш санг меандозӣ ва имрўз бо таҳдид ба сараш силоҳ кашидаӣ, тамоман бегонаӣ. Чаро бегона шудӣ? Медонӣ, барои чӣ?

Гўш кун, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоти хеш бо соҳибкорони зодаи Тоҷикистони кишвари Русия падарона баён карда буданд: «Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинондани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати бечораеро барорад, бо амали шоистае номи худ ва номи миллатро баланд бардорад».

Ангезаи ин суханони қудратофар иддае аз муҳоҷирони муваффақи Русияро гунае такону таҳрик дод, ки вуҷудашонро меҳри   саршори ватандорӣ  аз нохуни по то тори сар фаро гирифт ва бар тасмимашон тасмим афзуд, то ҳарчи зудтар ду по ба даст гиранду ба сўйи Ватан парвоз кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд; бисёриҳо дар ватан деҳаҳои худро ободу роҳҳоро мумфарш ва пулҳо сохтанд, бунгоҳҳои тиббӣ ва мағозаҳо бунёд карданд, коргоҳҳои навро ба кор дароварданд, истеҳсоли маҳсулоти худиро ба роҳ монданд ва ба ин васила даҳҳо ҳамватани худро дар кишвар бо ҷойи кор таъмин намуданд.

Аммо ту ва думравонат чӣ? Дар деҳаҳои худ иморате ё корхонае сохтед, роҳе кушодед, маконе обод кардед, аққал дарахте шинондед, ки аз худ нақше  гузошта бошед?! На, чунин накардед, баръакс, сангҳои бағалатонро бо чангол гирифта, пайваста бар сари миллат афкандед, дасти ягон афтодаеро нагирифтед, ҳоҷати бечораеро набаровардед, фақат бо дашному ҳақоратҳои занона ба номи миллату давлати миллӣ доғ гузоштеду халос. Акнун ватанро бо дасти ағёр на, бо дасти ёр мехоҳед вайрона созед, мусибати гаронеро бо дасти куфор на, бо дасти ба ном «мусулмонҳо»-и ифротгаро мехоҳед ба сари мардум оваред. Вале ин андешаҳои хоматон ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд. Дигар руҳи тавонои миллати тоҷикро ҳеҷ оқшудае шикаста наметавонад. Давлат ҳам, тавре ки чун мурғи орзупарасти ку-ку гумон мебаред,  акнун он давлати заифу нотавони солҳои 90-и асри мозӣ нест; тавоност, пуриқтидор аст. Аз он ки зи кишварҳои дур чун суғур гоҳу гаҳ сар кашида, ҷон меканед, ки гўё зинда ҳастед, бароятон суде надорад. Зеро худ ва думравонат, ки гўши суханшунав надоред, лабатон ҳеҷ гоҳ хандаи тар, нигоҳатон осмони мусаффои тори сар ва поятон замини модарро нахоҳанд дид. Чунки зиндагии бе муҳаббат устухони пўсидаеро дар лаҳади гўр мемонад, ки ҳамагӣ моно ба ҳамин ҳастед.  Сад дареғ, ки ту ва думравонат ватан, модар, миллат, имону виҷдон ва ҳамаро батамом фурўхтед, ҳол он  шоири навҷўву навгўйи Эрон Қайсари Аминпур аз шумо барин каҷбинон қаблан хоҳиш оварда буд:

 

Ин ҳанҷара, ин боғи садоро нафурўшед,

Ин панҷара, ин хотираҳоро нафурўшед.

 

Дар шаҳри шумо, боре, агар ишқфурўшист,

Ҳам ғайрати ободии моро нафурўшед.

 

Танҳо, бахудо, дилхушии мо ба дили мост,

Сандуқчаи рози Худоро нафурўшед.

 

Сармояи дил нест ба ҷуз ашку ба ҷуз оҳ,

Пас дастикам ин обу ҳаворо нафурўшед.

 

Дар дасти Худо ойинае ҷуз дили мо нест,

Ойина шумоед, шуморо нафурўшед.

 

Дар паллаи парвона ба ҷуз кирм налўлад,

Парвонаи парвози раҳоро нафурўшед.

 

Як умр давидему лаби чашма расидем,

Ин ҳарвалаи саъю сафоро нафурўшед.

 

Дур аз назари мост агар манзили ин роҳ,

Ин манзараи дурнаморо нафурўшед.

   

     Оре, ҷаноби Кабирӣ, пайравонат-ку гўши қуфлу чашми кўр доранд, лекин ту, ба қавле, бо гўши во шоири асилро, ки аз забони халқ барои халқ шеър мегуфт, куллан нашунидӣ. Акнун дониста бош, ки аз ин фурўхтанҳои хоинона ҳеҷ гоҳ сер нахоҳӣ шуд ва яқину дақиқ аст, ки сари худро чун мор худат хоҳӣ хўрд ва носер аз дунё хоҳӣ рафт. На чун шоири забардасти тоҷик Бозор Собир, ки ҳоло ҳам мардум ба омаданаш ба сурати дигар бовар дорад, бал чун хиёнаткор, ки аз рафтану наомаданат бештар итминон меварзанд. Ҳақиқати собитшудаи ҳаёт ҳамин аст, на чизи дигар. Зеро агар дар кўдакӣ модар шири сагат медод, шояд ту чун саги бовафо ба камол мерасидӣ. Шояд!... Вале дар гумон фақат шири буз хўрдаӣ, ки кунун ҷуз буздиливу хиёнаткорӣ дар шоҳрагат хуни дигаре гардиш надорад. Сад ҳайфи ҳамон шири давоии сафедбузи ватан ҳам, ки агар чургўш зинда мебуду ин ҳама хиёнатро мешунид, аз шармсорӣ худро ба дарёи Элок меандохт, то дар қиёмат низ касе рўяшро набинад! ...

                               Зардони БОХТАРИЁН

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарикони мо