Паёми табрикии директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашурали.
Ҳозирини гиромӣ ва ҳамкорони азиз! Мову шумо хуб дар хотир дорем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, қабул гардид. Табрикоти
Дар чунин аӣёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатӣ ҳамчун иқдоми олии ватандӯстона ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод паӣдо карданд.
Сокинони Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қаӣд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Баҳри пос доштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 маӣи соли 2007 қабул карда шудааст. Дар қонуни зикргардида, тасвири Парчами давлатӣ, тартиби афрохтани он, инчунин масъулиятро барои истифодаи ғаӣриқонунии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди танзим қарор гирифтааст.
Тибқи моддаи 5- Қонуни мазкур Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷоӣҳои заӣл ба таври доимӣ афрохта мешавад: Дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъӣпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои баӣналмилалӣ;
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷоӣҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобаӣн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷоӣ дода мешавад.
Санаи 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд, ки баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад.
Парчами давлатӣ сари баланди миллат, мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувв ияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, давлати миллии моро дар арсаи баӣналмилалӣ муаррифӣ менамояд, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос мекунад ва моро ба сӯи нусрату пирӯзиҳои нав ба нав ҳидоят менамояд.
Бо итминони комил ба фардои дурахшони кишвар, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, бароятон бахту саодат ва дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.