ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ РОҲАТИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Бо ташаббуси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рудакӣ дар деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатӣ вохӯрии судманд бо сокинон, фаъолон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохили кишвар мебошад.
Дар рафти суҳбат ба иштирокдорон оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2006, №62 “Дар барои тасдиқи қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбозгаштае, ки хоҳиши соҳибкорӣ доранд”, моддаҳои 21 ва 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» аз 1 августи соли 2008, №373 маълумот дода шуд.
Қайд гардид, ки барои ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар мақомоти шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ шароити мусоид барои омӯхтани касбу ихтисосҳои зарурӣ барои бозори меҳнати дохилӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор мавҷуд аст.
Шаҳрвандон метавонанд аз ин хизматрасониҳо истифода бурда, соҳиби касбу ихтисос ва ҷойи кор шаванд.
Ҳамчунин аз ҷониби муҳоҷирони ба ватан бозгашта пешниҳодҳо карда шуд, ки дар деҳаҳо низ курсҳои кутоҳмудати касбу ҳунар ва забономӯзӣ ташкил када шавад.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар н.Рудакӣ