Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Ҳар як миллат барои истиқлолият, ваҳдат ва пешрафти худ шахсиятҳои бузургро арҷ мегузорад. Барои мардуми Тоҷикистон чунин шахсият, ки бо ақлу тадбир, меҳру муҳаббат ва иродаи қавии худ роҳи рушду ободии кишварро муайян намуд, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо дарназардошти нақши таърихӣ ва хизматҳои беандозаашон дар таҳкими давлати миллӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин, 16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ин сана барои тамоми шаҳрвандони кишвар, бахусус кормандони сохторҳои давлатӣ, рӯзи изҳори эҳтиром ба Пешвои миллат ва таҷдиди савганди садоқат ба Ватан аст.

Санаи 13-уми ноябри соли 2025 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар толори асосии Агентӣ директори Агентӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, кормандони масъул, ҷавонони фаъол ва меҳмонони даъватшуда ҷамъ омада, ин рӯзи пурифтихорро бо рӯҳияи баланд ҷашн гирифтанд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон оғоз ёфт. Номбурда аз номи ҳайати кормандон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори эҳтиром намуда, нақши беназири Сарвари давлатро дар рушди иқтисод, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон арзёбӣ намуданд.

Дар суханронӣ таъкид карда шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба рушди соҳаи меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи манфиатҳои табақаҳои ниёзманд равона гардидааст. Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар, солҳои охир садҳо барномаҳои давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ амалӣ мегарданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз як кишвари пасошӯравии дучори буҳрон ба як давлати дорои иқтисоди устувор табдил ёфт.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ зимни баромади худ қайд намуданд, ки маҳз бо хиради сиёсӣ, ҷасорати мардонагӣ ва садоқати бепоён ба миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист кишвари аз ҷанги шаҳрвандӣ харобшударо ба давлати орому пешрафта табдил диҳад. Имрӯз тамоми ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари сулҳпарвар, дорои сиёсати мустақил ва бо фарҳанги қадима мешиносанд. Ин ҳама дастовардҳо бо номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастааст.

Ҳамаи ин амалҳо аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба рушди инсон, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва таъмини зиндагии шоиста шаҳодат медиҳанд.

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷашни шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, балки таҷлили арзишҳои давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аст.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлату миллат ва эҳсоси ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи давлатдорӣ, ваҳдат ва садоқат ба Ватан аст. Кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо эҳсоси ифтихор аз он изҳор медоранд, ки дар паҳлуи Пешвои хирадманди миллат қарор доранд ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузоранд.

Шарикони мо