Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ХАБАР

                                        ХАБАР

      ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони Дастгоҳи

марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ оид ба роҳҳои пешгирии терроризм

 ва экстремизм дар шароити муосир.

 

          Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 5 майи соли 2022 оид ба  татбиқи Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии кормандон оид ба роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар шароити муосир, дар мавзуи  “Терроризм ва экстремизм – хатар ба ҷомеа”, семенар-машварат бо иштироки Прокурори калони шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Саидзода Оқил ва Подполковники милитсия, сардори шуъбаи пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаи Раёсати мубориза бар зиддии ҷиноятҳои мутташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Маҳмадшариф  Шодӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони Раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои ш.Душанбе ва директорони муассисаҳои таълимӣ касбии системаи он баргузор намуд.

Маҷлисро сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Гулшанзода Рачабалӣ Гурез., оғоз намуда, сараввал Прокурори калони шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Саидзода Оқил ва Подполковники милитсия, сардори шуъбаи пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаи Раёсати мубориза бар зиддии ҷиноятҳои мутташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Маҳмадшариф  Шодиро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуд.

 Ҳамзамон Гулшанзода Р., қайд  намуданд, ки чи тавре ба ҳамагон маълум аст, имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешоруи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбарҳои Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид намуданд, ки террорист -  ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳоли исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. 

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати татбиқи Фармони болозикр ва таъмини иҷрои фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №78 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳия ва тасдиқ намуда, унвонии зерсохторҳои тобеи Агентӣ барои корбарӣ ирсол намуд.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, зери назорати доимӣ қарор дода, барои ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас, инчунин барои пешгирӣ намудан аз шомилшавӣ ба терроризм ва экстремизм дар шароити муосир чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

 

 

            Сармутахассиси

             шуъбаи ҳуқуқ                        Курбанова Н.С.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарикони мо