Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ”

                                                                            МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ”

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 бармеоянд ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024», санаи 16 декабр дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мавзуи “Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат” мизи мудаввар доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилоти буҷетӣ, корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, шарикони иҷтимоӣ ва субъектони фаъолияткунандаи самти тандурустӣ дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳо вобаста ба бехтарӣ ва ҳифзи меҳнат, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудаанд, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва корманд, ки қонун кафолат додааст ва тақвияти фаъолияти корхонаю ташкилотҳо дар самти риояи бехатарии меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ доираи ваколатҳои низомномавии худ оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатарии кормандон пайваста чорабиниҳои самти меҳнатро роҳандозӣ намуда, тибқи нақшаи чорабиниҳо ҳар моҳ ба корфармоён ва намояндагони онҳо мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратию-омӯзишӣ ва расонидани кӯмакҳои методию амалиро ба роҳ мондаанд.

Тазаккур бояд дод, ки бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018, №18 Низомномаи намунавии Хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот қабул карда шудааст, ки тартиби таъсис, фаъолият, функсия ва вазифаҳои Хадамоти ҳифзи меҳнатро танзим менамояд.

Дар фарҷом таклифу пешниҳодҳо ва тавсияҳо доир ба беҳтарсозии шароити меҳнат ва риояи меъёрҳои бехатарии меҳнат дар корхонаю ташкилотҳо ироа гардиданд.

Шарикони мо