Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРА АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ АШУРАЛИЗОДА АБДУРАҲМОН АШУРАЛИ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ.

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРА АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ АШУРАЛИЗОДА АБДУРАҲМОН АШУРАЛИ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ.

Ҳамкасбони азиз,

Ҳамаи Шуморо бахшида ба иди касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаатон саодату комёбӣ, дастовардҳои назарраси касбӣ ва оромиву осудагии рӯзгорро таманно менамоям.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағийру иловаҳо ворид гардид, ки дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 25-уми январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи фархунда боиси ифтихори ҳар як кормандони соҳаи меҳнат мебошад, ки мо онро бо рӯҳияи идона ва дар фазои сулҳу суботи Ватани маҳбубамон истиқбол менамоем.

Дар асоси қарори Президиуми Совети Олии ҶСШ Тоҷикистон аз 5 майи соли 1991, №111 Маркази ҷумҳуриявии шуғли аҳолӣтаъсис дода шуда, аз 2 апрели соли 2005, №114 мутобики қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣиваз карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №102 ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣва муҳоҷират ва аз 4 июни соли 2014, №391 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ табдили ном кард.

Бахусус, дар ин даврони тақдирсози мамлакат масъалаҳои мусоидати ройгон дар интихобу дарёфти кори мувофиқ, гирифтани маълумот дар борои ҷойҳои кории холӣ, хизмати миёнаравии ройгон, тамоюлҳои касбӣ, тарбия ва бозомузии касбӣ, такмили ихтисос, пардохти кӯмаки молиявӣбарои давраи бекорӣ, таъмини дастгирии молиявӣдар ташкили машғулияти инфиродӣва соҳибкории хурду миёна, ки ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд меорад, аз силсилаи фаъолиятҳое мебошанд, ки тавассути ҷаҳду талошҳои кормандони Агентӣба амал бароварда мешаванд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар пешорӯи сохтанҳо, навкориҳо ва тозаандешиҳо қарор дорад ва вобаста ба тағйир ёфтани шакл ва мазмуни зиндагии сокинони кишвар дар қонунгузорӣ, меъёрбандӣва санадгузориҳо низ тағйиротҳо ба миён меоянд.

Ҳамвора ба пешбурди фаъолиятҳои амалӣ, дар давоми ин солҳо ихтисосмандони Агентӣдар мустаҳкам кардани пояҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа низ бо имкониятҳои дастдошта ва истифодаи захираҳои зеҳниашон ширкат варзидаанд. Ҳамин буд, ки бо Қарори сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27- уми декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шуғли аҳолӣ» қабул гардида, моҳи феврали соли 1996 ва моҳи майи соли 1998 вобаста ба талаботи замон ва тадриҷан дигаргун гардидани сиёсати иқтисодии мамлакат ба он тағйироту иловаҳои зарурӣворид карда шудаанд.

Ҳамзамон, соли 2003 бо назардошти тағйиротҳои кулли баамаломада дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣва моҳиятан ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар таҳрири нав омода шуда аз тарафи Парлумони кишвар қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.

Ҳамчунон, дар ин давом аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии такмили сохтор ва пешрафти самтҳои фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣзиёда аз 17 қарорҳои фарогирандаи паҳлӯҳои мухталифи соҳа ба тасвиб расидаанд.

Илова бар ин, давоми ин солҳо ҷиҳати рушду такомули минбаъдаи соҳа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сохторҳои таркибии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣбо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, 8 маротиба Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки дурнамои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамояд, таҳия, қабул ва марҳила ба марҳила амалӣкарда шуданд.

Дар ҳамин замина Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣҷиҳати ботадриҷ татбиқ ва амалӣнамудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣтибқи ҳуҷҷатҳои консептуалии соҳа дар самти, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, миёнаравӣдар бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣва такмили ихтисоси бекорон, дастгирии фаъолияти соҳибкории шахсони бекор, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, баргузор намудани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣва таъину пардохти кӯмакпулӣбарои давраи бекорӣфаъолияти густурдаро роҳандозӣнамуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Итминони комил дорам, ки дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣба таври густурда рушд намуда, баҳри фароҳам овардани шароити созгори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Бори дигар шуморо ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро табрик намуда, бароятон саодати рӯзгор, саломативу сарҷамъӣ ва барои кишвари азизамон тинҷию амонӣ ва ваҳдати ҷовидонаро таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак, ҳамкорони азиз .

Инчунин дар охири табрикот ба якқатор кормандони фаъоли дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои он ифтихорномаю сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Шарикони мо