Мафҳум, принсип ва сарчашмаҳои
ҳуқуқи меҳнатӣ.
Ӽуқуқ ба меҳнат яке аз ҳуқуқҳои асосии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб
меравад. Машғул шудан ба фаъолияти меҳнати шарти муҳимми амали намудани ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба меҳнат мебошад.
Тибқи моддаи 35 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнати ва ҳимояи иҷтимои ҳангоми бекори ҳуқуқ дорад.
Гузариш ба иқтисоди бозори боиси дигаргуниҳои ҷидди дар соҳаи муносибатҳои меҳнатии ба предмети ҳуқуқи меҳнати тааллуқдошта ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманд, сарчашмаҳои батанзимдарори ва принсипҳои ҳуқуқи меҳнати гардид. Дар ин давра моҳият ва мазмуни муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои ба он алоқаманд ба тьаври кулли дигаргун гашта, механизми ҳуқуқи ва принсипҳои батанзимдарории онҳо ба он мутобиқ гардонида шуданд.
Ӽуқуқи меҳнати ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар шароити бозори меҳнат ба миён омада, тарзи ташкил ва татбиқи меҳнати кирояро муаяйн менамоянд, ба танзим медарорад.
Ӽамин тавр, ҳуқуқи меҳнати муносибатҳои меҳнатиеро ба танзим медарорад, ки дорои аломатҳои зерин мебошанд:
- Онҳо ба созиши байни корманд ва корфармо асос меёбанд;
Мазмуни чунин созишро шахсан ва дар асоси музд иҷро намудани функсияи меҳнати, яъне кор, дар асоси касб, ихтисос ва вазифа ташкил медиҳад;
- Корманд ӯҳдадор аст, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатиро риоя намояд ва корфармо дар навбати худ ӯҳдадор мешавад, ки шароити дахлдори меҳнатиро тибқи қонунгузории меҳнати, шартномаи коллективи, созишномаҳо ва шартномаи меҳнати таъмин намояд.
Предмети батанзимдарории ҳуқуқи меҳнати муносибатҳои меҳнати ва дигар муносибатҳои бо он алоқаманд мебошанд. Муносибатҳои меҳнати аз муносибатҳо доир ба бастан, тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи меҳнати оид ба вақти кор ва вақти истироҳат, музди меҳнат, интизоми меҳнат, ҷавобгарии мутақобилаи моддии иштирокчиёни муносибатҳои меҳнати, муносибатҳо оид ба ташкил ва идоракунии меҳнат, таъмин кардан бо кор, оид ба шарикии иҷтимои, баргузори ва пешбурди музокироти коллективи, бастани шартномаҳои коллективи ва созишномаҳои назорати риояи қонунгузории меҳнати ва ҳифзи меҳнат ва баррасии баҳсҳои меҳнати ва ғайра дохил мешаванд.
Ӽуқуқҳои меҳнати ба принсипҳои муайяни ҳуқуқи асос меёбад. Онҳо ғояҳои асосие мебошанд, ки моҳияти ҳуқуқи меҳнати, равиши асосии сиёсати давлатро дар соҳаи фаъолияти бозори меҳнат, татбиқ ва ташкили меҳнати кироя ифода менамоянд. Ба принсипи асосии ҳуқуқи меҳнати пеш аз ҳама принсипи озодона интихоб шудани касб ва навъи фаъолияти худ ба меҳнат, озодона ризо шудан ба ин ё он шароити меҳнат ташкил медиҳад.
Принсипи манъи кори маҷбури принсипи дигари асосии ҳуқуқи меҳнат мебошад. Дар зери кори маҷбури иҷро намудани кор дар зери таҳдиди таъсири зури, ба монанди барои иштирок дар корпартои ё ин ки ба сифати чораи ҷазо барои ифодаи ақидаи сиёси ё эътиқоди ғоявии хилофи низоми мавҷудаи сиёси, иҷтимои ё иқтисоди, ба сифати чораи маҳдуднамои ва ғайра фаҳмида мешавад.
Сарчашмаҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои ба он алоқаманд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 23 – юми июли соли 2016, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Конун «Дар бораи хизматчи давлати» аз 5 – уми марти соли 2007 ва ғайра мебошанд.
Инчунин, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ӽукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнати эътироф карда мешаванд. Санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон низ сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат мебошанд.
Шўъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар ноҳияи Шаҳринав
Мутахассиси шуъба
Исоқулова Г.Р.