Главная / Все новости
Санадҳои асосии қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат.

Санадҳои асосии қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат.

Бо  мақсади  танзими  идоракунии  давлатии ҳифзи  меҳнат  дар ҷумҳурӣ  Кодекси  меҳнати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар   бораи  бехатарии радиатсионӣ",  "Дар бораи бехатарӣ  аз  сӯхтор", "Дар  бораи  таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ", "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии  масуният"  ва "Дар  бораи  ҳифзи  саломатии  аҳолӣ"  қабул гардиданд,  ки ба фароҳам овардани шароити бехатари меҳнат ва ҳифзи меҳнати кормандон нигаронида шудаанд.

Татбиқи  ҳуқуқҳои  конститутсионии шаҳрвандон  оид  ба  ҳифзи меҳнати  онҳо  яке  аз  самтҳои  муҳимтарини сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Муҳайё намудани шароити хуби меҳнат ва фароҳам овардани муҳити солими меҳнатӣ барои ҳар як корманд ниҳоят зарур мебошад,  зеро аз  се як ҳиссаи умри инсон дар ҷои кор мегузарад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти  давлатӣ маҷмӯи  тадбирҳоеро  амалӣ  намуд,  ки  онҳо заминаи  устувори  рушди қонунгузории яке аз соҳаҳои  муносибатҳои ҷамъиятӣ  -  ҳифзи  меҳнати кормандони  тамоми соҳаҳои иқтисоди мамлакат гардиданд.  Дар ин раванд дар навбати аввал санадҳои меъёрии ҳуқуқии пештар амалкунандаи марбути масъалаҳои  ҳифзи  меҳнати  Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шуданд.

Умуман дилхоҳ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия замина мегирад. Мутобиқи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад».

Бо бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо корманд уҳдадор мешавад, ки доираи кори муайяншударо иҷро намуда, қоидаҳои дохилӣ риоя намояд.  Дар вақти бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ корфармо бояд  ба корманд дар бораи шароити меҳнат,  аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ,  хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо,  дар хусуси  имтиёзот  ва ҷубронҳое,  ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онҳо ҳақ дорад, инчунин аз воситаҳои ҳифозати фардӣ маълумот диҳад.

     Корфармо вазифадор  аст  мунтазам  (соле  на камтар  аз  як бор) кормандон ва ё намояндагони  онҳоро  аз  ҳолати шароити  меҳнати  дар истеҳсолот  ва  ҷойҳои  кор,  оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ,  андешидани  тадбирҳо дар  мавриди  таъмини шароити  солим  ва  бехатарии  меҳнат хабардор созад,  ҳамчунин ин хел маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ӯ гузорад.

Инчунин корфармо ҳақ надорад аз корманд иҷрои корҳои ба уҳдадории ӯ дохилнабударо талаб кунад. Ин ҳолат ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад, зеро кам нест ҳолатҳое, ки корманд ба ҳодисаҳои садамавӣ дучор мегардад, ки корҳои ба у  дахл  надоштаро иҷро мекард          .

     Мутобиқи Кодекси мазкур  корфармо вазифадор  аст  ба  кормандоне,  ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок,  ҳамчунин дар шароити номусоиди  ҳароратӣ  ё  бо ифлосӣ  вобаста машғуланд,  мувофиқи меъёрҳои муқараршуда бепул либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигиенӣ диҳад.

     Либосу пойафзоли  махсус  ва  дигар воситаҳои  ҳифозати фардӣ ба кормандон   додашуда   аз   тарафи   корфармо нигоҳдорӣ,   шустушӯй, дезинфексия, дезактиватсия ва таъмир карда мешаванд.

     Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати  шахсиро ба  корманд  надода бошанд ё мӯҳлати додани ин воситаҳо гузашта бошаду корманд ноилоҷ онҳоро ба пули худ харида гирад, корфармо  ба  корманд хароҷоти харидории воситаҳои мазкурро ҷуброн мекунад. Дар сурати на бо гуноҳи корманд пеш аз мӯҳлат фарсуда шудани воситаҳои  ҳифозати  фардӣ корфармо вазифадор аст, ки онҳоро иваз намояд.

     Агар ба сабаби  кормандро  бо  воситаҳои ҳифозоти  фардӣ  таъмин накардан ба ҳаёту саломатии ӯ хатар таҳдид намояд, вай метавонад корро бас кунад. Барои мӯҳлати қатъи кор ҳамчун барои бекористӣ на бо гуноҳи корманд ҳақ дода мешавад.

Реҷаи кормандон ва дамгирии кормандон мутобиқи қоидаҳо ё тартиботи дохилӣ амалӣ карда мешавад, вале давомнокии корӣ бояд аз доираи  талаботи қонунгузорӣ берун набарояд. Давомнокии муътадили корӣ дар як ҳафта 40 соат ва дар 1 моҳ 165 соат мебошад.

     Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну  сол,  вазъи саломатӣ,  шароити  меҳнат,  хусусияти  вазифаи меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо санади қонунгузорӣ ва дигар  санади меъёрии  ҳуқуқии  оид  ба меҳнат,  инчунин  шартҳои  шартномаи  (қарордоди) меҳнатӣ  давомнокии кӯтоҳи вақти кор  бидуни  кам  кардани  музди меҳнат  муқаррар  карда мешавад.

     Давомнокии кӯтоҳи вақти кор ба инҳо муқаррар карда мешавад:

     1) ба кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд;

     2) ба кормандони маъюб;

     3) ба кормандоне,  ки бо корҳои шароити меҳнаташ номусоид машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд.

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) набояд аз ин зиёд бошад:

     - дар   сурати  ҳафтаи  панҷрӯзаи  кор давомнокии  кори  ҳаррӯза (смена)-ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали смена, ки онро корфармо   баъди  маслиҳати  пешакӣ  бо  мақоми дахлдори  намояндагии кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи  корӣ муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамоянд.

     - барои кормандони синни аз 15 то 16 ,5 соат, аз 16 то  18  -  7 соат;

     - барои  хонандагони  муассисаҳои  маълумоти умумӣ   мактабҳо), муассисаҳои таълими ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,  ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд - синни аз 14 то 16 - 2,5 соат, синни аз 16 то 18 - 3,5 соат;

     - барои маъюбон - 6 соат;

     Ҳангоми ҳафтаи шашрӯзаи кор агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррӯза аз 7 соат,  агар  меъёри якҳафтаина  35  соат бошад,  аз 6 соат,  агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.

 Корфармо вазифадор  аст  ҳангоми  изофакорӣ бехатарии  меҳнат ва шароити мӯътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд.

Дар сурати  12 соат будани давомнокии смена, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошад,  изофакорӣ манъ аст.

Изофакорӣ набояд дар давоми ду рӯз пай дар пай беш аз ин бошад;

- ду  соат  дар  корҳое,  ки шароити меҳнат зараровар ва ё вазнин мебошад;

 - чор соат дар дигар корҳо.

 Барои ҳар корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз  120  соат  зиёд бошад.

Баъди кодификатсия шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат, аз соли 2016 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат» аз эътибор соқит дониста шуда, ҳифзи меҳнат дар доираи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Меъёрҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои байни корфармоён ва кормандонро дар соҳаи ҳифзи меҳнат муқаррар намуда, ба фароҳам овардани шароити меҳнати ҷавобгӯи талаботи ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ равона гардидааст.

Мувофиқи моддаи 332- и Кодекси меҳнат дар вақти бастани шартномаи меҳнатӣ корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзу ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани имтиёзҳо ҳуқуқ дорад ва аз воситаҳои муҳофизати инфиродӣ маълумот диҳад.

 Корфармо уҳдадор аст, соле на камтар аз як маротиба кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнати дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатари меҳнат хабардор созад, чунин маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ӯ гузорад.

Низомномаи намунавии хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат тасдиқ карда мешавад.

Садиров Фахриддин Фазлиддинович муовини сардори раёсат- сардори шуъбаи музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолии Раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

Наши партнеры