НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲИФЗ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави таърихи худ ворид гардид. Дар оғози солҳои истиқлолият кишвар бо мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисоди миллӣ, сохтори давлатӣ ва зиндагии мардум таъсири манфӣ расонд. Маҳз дар чунин давраи ҳассос нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз гардид.
Бо ташаббус ва иродаи қавии Пешвои миллат дар кишвар сулҳу субот барқарор гардида, Ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси устувори давлатдорӣ таъмин шуд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози марҳилаи нави рушду созандагии Тоҷикистон гардид. Сулҳу ваҳдат барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ заминаи боэътимод фароҳам овард ва мардумро ба зиндагии осоишта, меҳнати созанда ва рушди давлат муттаҳид намуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили низоми қонунгузорӣ ва рушди идоракунии давлатӣ корҳои зиёди назаррас анҷом дода шуданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо карда, бо бисёр давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судмандро ба роҳ монд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Пешвои миллат рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Бо роҳандозии барномаҳои давлатӣ, бунёди роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, инчунин рушди саноат ва кишоварзӣ сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардид. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ барои рушди устувори Тоҷикистон аҳаммияти бузург дорад.
Пешвои миллат ба масъалаи илму маориф, фарҳанг ва тарбияи насли ҷавон диққати махсус медиҳанд. Сохтмони садҳо муассисаи таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дастгирии ҷавонони болаёқат ва фароҳам овардани шароит барои таҳсил аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои рушди сармояи инсонӣ мусоидат мекунанд. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтироми муқаддасоти давлатӣ ҳидоят мешаванд.
Ҳамзамон, Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандаи худ, махсусан дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим, мавқеи арзанда касб намудааст. Пешниҳодҳои Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфта, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан мебошад. Танҳо бо меҳнати софдилона, масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ метавонем Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Хулоса, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хеле бузург ва таърихӣ мебошад. Бо сиёсати хирадмандона, талошҳои пайгирона ва фаъолияти созанда сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар таъмин гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дошта, шаҳрвандони он бо ифтихор аз истиқлол ва давлатдории миллӣ барои ободии Ватани азиз саъю кӯшиш менамоянд.
ФАРАНГЕЗИ ҶАМОЛИДИН
Мудири бахши иттилоотии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ