Главная / Все новости
МАҶЛИСИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НУҲМОҲАИ СОЛИ 2024 БАРГУЗОР ГАРДИД

МАҶЛИСИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НУҲМОҲАИ СОЛИ 2024 БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз 14 уми октябри соли 2024 маҷлиси Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, муовинони вазир, сардорони хадамот, агентиҳо ва муассисаҳои давлатии тобеи вазорат иштирок доштанд.

Маҷлиси Ҳайати мушовара як масъаларо дарбар гирфт, “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар 9 моҳи соли 2024”

Дар оғози маҷлис маърӯзаи ҳисоботии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин шунида шуд. Қайд гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шуданд, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои кансепсия стратегия ва барномаҳои давлатиро ба роҳ монда, дар 9 моҳи соли 2024 корҳои муайянро ба сомон расонид.

Дар охири маҷлиси ҳайати мушовара ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Наши партнеры