Главная / Все новости
 БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

                                                                             БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

18 феврали соли ҷорӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон ҷиҳати шиносоӣ бо шароити корӣ аз мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ ва Дӯстӣ дидан намуда, ҳамзамон дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод, ки аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардида бо ҳамроҳии муовини раиси ноҳия иштирок намуданд.

Зимни мулоқот роҳбарияти Агентӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои мақомоти шуғли аҳолӣ, кабудизоркунии атрофи биноҳо, ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани малакаи кормандон ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Наши партнеры