Главная / Все новости
Семинари машваратӣ

 

Семинари машваратӣ дар мавзӯи

«Татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии

самти меҳнат дар корхонаву муассисаҳо»

 

           Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади  таъмини иҷрои саривақтии Нақшаи – чорабиниҳо ва дастуру супоришҳои бевоситаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ доир ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати амалисозии сиёсати давлат вобаста ба самти муносибатҳои меҳнатӣ дар субъектҳои хоҷагидори гуногунсоҳаи фаъолияткунанда мунтазам чораҳои зарурирро амалӣ менамоянд.

          Дар ин замина санаи 22 феврали соли 2023 дар бинои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ семинари машваратӣ дар мавзӯи «Татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат дар корхонаву муассисаҳо» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, 14 нафар масъулин аз 10 адад корхонаву  муассисаҳои ҳудуди ноҳия аз қабили, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  №13, №35, №76, ҶДММ «Бодома», ҶДММ «Кимиёи Саодат», ҶДММ «Шумон», ҶДММ «Сино-2013», ҶСП «Связстрой сервис», ҶСК «К.Расулов» ва КВД «Сохтмону истифодабарии оби нушокии деҳот ва чарогоҳои ноҳияи Рӯдакӣ» иштирок намуданд.

           Аз тарафи Юнусов Зиёдулло - мутасаддии самти меҳнати раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ҳозирин дар хусуси талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014, №661 “Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз     6 сентябри соли 2014, №592 “Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2021, №154 “Дар бораи Тартиби гузаронидани рӯзи истироіат ба дигар рӯзи корҳ” ва доир ба муқаррароти боби  37-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи  меҳнат” маълумот манзур гардид.

       

           Мутасадии самти меҳнат, зимни суханрони қайд намуд, ки мақсад аз ташкили чунин вохӯрҳо, асосан барои баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва маъсулиятшиносии субъектони муносибатҳои меҳнатӣ равона гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо байни корфармо ва кормандон, бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ҳангоми иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба ҳифзи меҳнат, пешгири намудан аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, роҳ надодан ба пайдошавии бемориҳои касбӣ, фаҳмонида додани ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва корфармоён, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон дар корхона ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва ҳуқуқиашон, тартиби баррасии аризаҳо оид ба ҷуброни зарар, тартиб ва муҳлатҳои ҷуброни зарар, ҳаҷми ҷуброни зарар, пардохт намудани хароҷоти иловагӣ вобаста ба захмбардории меҳнатӣ, ҷуброни зарар бо сабаби фавти саробон, тартиби додани хӯроки табобатию пешгирикунанда аз ҳар гуна бемориҳои касбӣ, таъмин намудани кормандон бо либоси махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, сохтан ё азнавсозии сохтмони биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизотҳои кӯмаккунанда аз ҳисоби маблағҳои корфармо ва таъмину риояи талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти мазкур мусоидат менамояд.

           Ҳамзамон, ба масъулини корхонаву муассисаҳо вобаста ба муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳоро дар соҳаи меҳнат муқаррар намудааст, гуфта иловатан қайд гардид, ки кодекси мазкур бояд дастури рӯи мизии ҳар як корфармо бошад.

            Дар ин ҷода, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ омодагии худро ба корхонаву муассисаҳо барои ҳамкорӣ ва ҳангоми зарурат расонидани кумакҳои методию амалӣ баён намуда, изҳор намуд, ки корхонаҳое ки дар ин мизи мудаввар иштирок менамоянд ва дигар субектҳои хоҷагидори фаъолияткунандаи ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ метавонанд аз мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумотро дар хусуси санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ дастрас намуда, аз хизматҳои амалию машваратӣ озодона бархӯрдор гарданд.     

    Дар баробари ин, давоми моҳи феврали соли 2023, дар асоси «Нақшаи-чорабиниҳо оид ба баргузор намудани вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои машваратию омӯзишӣ, баромад тариқи ВАО, расонидани кӯмаки методию амалӣ ва хизматҳои машваратӣ дар самти меҳнат ба корхона, ташкилот, муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ фаъолияткунандаи ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар моҳи феврали соли 2023”, ки аз ҷониби директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 30 январи соли 2023, №1.4/89 тасдиқ гардидааст, кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 13 адад корхонаву муассисаҳо ташриф оварда ба 23 нафар кормандони онҳо вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кӯмаки методию амалӣ ва хизматҳои машваратӣ расонидаанд.  

                                                                                       Мутахассиси пешбари раёсати

                                                                                      Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

                                                                                        дар ноҳияи Рӯдакӣ Юнусов З.

 

 

 

 

 

 

Наши партнеры