Баргузории семинари машварати дар мавзӯи
"Кафолати ҳуқуқи корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат"
Тибқи нақшаи-чорабиниҳо оид ба расонидани кумаки методию амалӣ ва хизматҳои машваратӣ ба корхонаю ташкилотҳо вобаста ба муқаррароту талаботҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014, №661 “Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд”, №154 аз 27 апрели соли 2021 “Дар бораи Тартиби гузаронидани рӯзи истироҳат ба дигар рӯзи корӣ” ва моддаҳои 341-344, боби 36-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолати ҳуқуқи корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат” масъулони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор, Махкамов Абдушукур ва Одинаев Фирдавс бо кормандони дастгоҳи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор семинари - машваратию омӯзишӣ баргузор намуданд.
Дар семинар, моҳияти кафолати ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд баррасӣ гардида, дар бораи исботи сарчашмаи хатари зиёд ба корманд ва ҷуброн намудани он мувофиқи тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди аз дастрафта, ҳамҷун зарари маънавӣ таъкид карда шуд.
Зикр карда шуд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №546 “Дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2022” рӯзи шанбеи 5 март ба рӯзи душанбеи 7 март ва рӯзи шанбеи 19 март ба рӯзи ҷумъаи 25 март гузаронида ва муайян шудааст.
Инчунин, оид ба фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот, ба оилаи ӯ илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ӯ буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳаи фавтида кумакпулии яквақта ва ҳуқуки гирифтани ҷуброни зарар ба шахсони ғайриқобили меҳнат, ки таҳти саробонии марҳум буданд ё то рӯзи фавти ӯ ба гирифтани маблағ аз ин корманд ҳуқуқ доштанд, ҳамчунин тифли марҳум, ки баъд аз марги ӯ таваллуд шудааст, мегузарад, қайд гардид.
Мутахассиси пешбари Раёсати
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар
шаҳри Ҳисор Фирдавс Одинаев