Главная / Все новости
Табрикот

Табрикоти

Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии

 Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни

Наврӯзи байналмилалӣ.

Бо Самимияти бепоён ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Наврӯи хуҷастапай табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, камоли умр, саодати рӯзгор, ва хонаи обод  таманно дорам.

Наврӯз  ин  худ  пири  ҷашнҳост, ки бо обу хок, марзу бум ва руҳи зиндагисозу тамаддунофари  ниёгони мо пайванди азалӣ дорад ва расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки  аз  замонҳои  бостонӣ то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар, инсондӯсту таҳаммулпазир  созгоранд.

        Наврӯзи ҳуҷастапай боз  садҳо  қарн сипарӣ  шавад, ҳам гузаштаи  ифтихорофарини  он  ҳаргиз аз оинаи хотирҳо пок нахоҳад шуд. Зеро  ҳастии  мо,  бунёди  фарҳанг ва тамаддуни рашкбарангези мо бо таърихи пайдоиш ва такомули  Наврӯз  сахт  гиреҳ  хӯрдааст.

        Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зикр  кардаанд: «Дар раванди  таърихи ҷаҳонӣ  Наврӯз нахуст қадимтарин ва  дақиқтарин  ҷашни соли  нав  аст».

Аз ҳамин ҷост, ки 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони  Милали Муттаҳид, таҳти  фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Дар қатъномаи СММ гуфта мешавад, ки  ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун «Рӯзи  байналмилалии Наврӯз» таҷлил гардад. Соли 2016 бошад бо қарори  ЮНЕСКО ҷашни  бостонии  Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ  ворид карда шуд.

Ин тасмими  созмони  бонуфузи ҷаҳонӣ аз ҷониби халқу миллатҳои  гуногуни дунё  ба  хушӣ пазируфта  шуд, ки шаҳодати тамаддунофарии  ниёгони  мо, табиӣ  ва қарини дилу рӯҳи мардумони  гуногунмиллат будани Наврӯз аст. Бо ёдкарди  номи Наврӯз дар зеҳни ҳамагон  шодиву сурур, хайру  баракат ва  афзунхоҳиву  тандурустиву  комёбӣ рӯ мезанад. Зеро ин  ҷашни  табиат  ва эҷодкардаи  кулли  халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз бошад аз ин бойтар ва зеботар гардид ва то имрӯз ба инсоният одамигарӣ, мубориза бурдан ба қувваҳои  бадӣ  ва  бадкорон, дар  сулҳу  салоҳ  зистанро талқин менамояд.

       Таърихи чандинҳазорсолаи таҷлили Наврӯз гувоҳи аз он медиҳад, ки маросими он аз замонҳои қадим ба инкишофи маънавии шахс мусоидат менамуданд. Тарбияи маънавию ахлоқи дар замони имруза ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, Наврӯзи оламафруз, ки моҳияти беши маънавӣ дорад, имрӯз дар тарбия ва камолоти маънавии  инсон  нақши  назарасеро гузошта метавонад.

      Умри ҷовидонӣ пайдо намудани Наврӯз ба он вобаста аст, ки ҳамоҳангии табииро дар миёни  мардум ба вуҷуд меорад ва дар ҷустуҷӯи ақида ва арзишҳои муштарак ба фаҳму дарки умум наздик аст  ва  дар  такя  бар онҳо ба умум мусоидат мекунад. Дар рӯзғор барои наздиктар кардани дилҳо ва андешаҳои қавму миллатҳо ба якдигар зарурати ҳифзӣ ин ҷашни куҳан  ва  ҷаҳони  шудани  он  ба миён омад.

       Наврӯз ба назари хос ё таҳмили афкор аз тарафи як гурӯҳ ё миллат  бар  дигарон вобастагӣ  надорад  ва  ҳеҷ ғояи сиёсӣ ва иқтисодиро тарғиб  намекунад. Барои табақаҳо ва қишрҳои гуногун,  назди  мардуми  гуногун нажод новобаста ба рангу пуст пазируфтанӣ аст.  Наврӯз аз рӯзу замон ва ҳол башорат медиҳад, гузаштаро ба оянда мепайвандад, то башарият тасвири аслии худро дар он бубинад ва бо ҳуввияти худ ошно шавад. Мардуми нимкураи шимолӣ аз Чину Япония то кишварҳои Ғарб бо каме  тавофут  дар  рӯзу ҳафта  маросими  монанд  ба Наврӯз доштанд, ки бо оғози фасли  гармо  иртибот доштааст. Ин  ба  ҷанбаи табии  ва  ҷашни  табиат  будани  он  ишорат  мекунад.

      Нуқтаи муҳуми ваҳдатофарии Наврӯз робитаи он бо табиат мебошад. Фалсафаи табиати Наврӯз бо фалсафаи офарниши он иртибот мегирад. Аз  ин  ру  баъзе  маросиме, ки ба муҳити зист вобастаанд, дар миёни ҷомеаи гуногуни башари муштараканд. Дар асри пешрафтҳои  фанни масоили  табиат  ва  муҳити зист низ аҳамияти умумибашарӣ пайдо намуд. Наврӯз дар  самти  ҳифзи табиат ва мушкилоти муҳити зист оин ва суннатҳоеро ки дар тули таърих падид овардааст,  ки  дар  манотиқи  гуногун  бо тарзҳои  мухталиф  ба  ҷо  оварда  мешаванд.

       Рамзҳои Наврузӣ, ки покӣ ва тандурустӣ, шодкомӣ баракат ва фаровонӣ тарғиб мекунад ҷовидонианд. Моро зарур аст, ки суннат  ва  ғояҳои  наврузиро аз гирди  асотирӣ ва сорхонагӣ пок намуда арзишҳои  ҳаётбахшӣ онро баҳри тафаккури нави муттаҳидсоз ва ташаккули ахлоқи пок мавриди истифода қарор диҳем. Зеро ғояҳои  башардустонаи Наврӯз дар шароити имруза ба ҳифзи захираҳои  табии  ва  зеҳнии  инсон  мусоидат  мекунад.

Бо истифода аз  фурсат  бори дигар Иди байналмилалии Наврӯзро ба ҳамаи Шумо ҳозирини арҷманд, дар симои Шумо ба аҳли хонавода ва кулли кормандони системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ  ва  рӯзгори  ободу  осуда  орзу  менамоям.

Бори  дигар  Иди  байналмилалии  Наврӯз  муборак!

 

 

 

 

 

 

 

Наши партнеры