Главная / Все новости
Мизи мудаввар

Мизи мудаввар

бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Агентии  назорати  маводи

нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар  мавзӯи “ Роҳу усулҳои  ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим”

 

 

     Санаи 18 апрел дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Стратегияи миллӣ  оид  ба  назорати  маводи  нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар барои истифодаи шахсӣ, истифодаи чораҳои альтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада ва “Дар бораи тасдиқи Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинӣ сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, директорони КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе”, КВД “Маркази  таълимии шаҳри Душанбе” ва сармутахассиси КВД “Маркази таълимии омӯзиши модулӣ” ширкат варзиданд.

   Чорабинии мазкурро муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Муродзода Умедҷон ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ баён дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -  пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд. Дар самти пешгирии ин ҷиноят, ки таъсири манфии он ба оила, ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад, мусоидати тамоми сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, аз ҷумла, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, бахши ҷавонон занон ва оила, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти қудратӣ, воситаҳои ахбори омма ҷамоатхо ва созмону иттиходияҳои ҷамъиятӣ хеле зарур аст. Дар баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, беҳтар намудани илму дониши кӯдакону наврасон, тарғиби  зиндагии солим ва  шоистаи ҷавонон ва дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб саҳми ҳар як сохтору мақомот муҳим арзёбӣ мегардад”!

          Ҳамзамон, зикр гардид, ки баргузории  чорабинии мазкур ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар барои истифодаи шахсӣ, истифодаи чораҳои алтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва “Дар бораи тасдиқи Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва Нақшаи муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” барои солҳои 2022-2025 баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва зерсохторҳои он оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар, равона гардидааст.

         Дар рафти чорабинии мазкур нозири калони Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, майори хизмати назорати маводи нашъаовари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиёрзода Наргис Мародасеновна оид ба муаррифии нуқтаҳои асосӣ, мазмун ва муҳтавои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025” ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Муассиаси давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Муҳаммадзода Рустам Муҳаммад ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” аз 30 декабри соли 2021, №566 ва табибони эпидэмиологони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” Тағоев Амирбек Тоҷиддинович ва Сафаров Абдулаҳад Исмоилович  вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”суханронӣ намуданд.

 Дар фарҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат ва сиёсати раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Саломатӣ, асоси некӯаҳволии шахсӣ, оилавӣ ва иҷтимоии ҳар инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи иштирокдорони Мизи мудаввар даъват ба амал  оварда шуд, ки баҳри ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути принсипҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат ва дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим камари ҳиммат баста, бар зидди бемории сироятии ВНМО ва пешгирии ҳолатҳои номатлуби нашъамандӣ муборизаи дастҷамъона баранд.

Мизи мудаввари мазкур чорабинии муҳим ва саривақтӣ буда, барои мубодилаи афкор ва такомули донишҳои ниҳодҳои дахлдор аз аҳамияти назариявию амалӣ бархурдор аст.        

                                                              

 

 

                                                                                                                                                                                    Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии

                                                                                                                                                                                            Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Наши партнеры