МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ҶАВОНОН
Субҳи 22 - юми августи соли 2026 кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолиӣ бо мақсади баргузор намудани чорабинии оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва теренкур – роҳгардии саломатӣ, таҳти унвони «Миллaти солим — неруи созандаи давлат» дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, бо роҳнамоии устодони варзиш ба таври дастаҷамъона варзиши пагоҳирӯзӣ баргузор намуданд.
Чунин чорабиниҳои дастаҷамъонаи ҳамкорон як падидаи бисёр ҷолиб, фараҳбахш, ба саломатию бардамии ҳар як фарди ҷомеа пурманфиат ва саршор аз ҷаҳони маънавии андешаи ватандӯстӣ, осоиштагӣ, қадршиносии обу хоки ин сарзамини нотакрор - Ватани маҳбубамон ба шумор меравад.