Главная / Все новости
Номгӯи саволҳо барои аз озмун гузаронидани хизматчиёни давлатии  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

  «Тасдиқ мекунам»

                                                                                                                                                                                                                директори Агентии меҳнат

                                                                                                                                                                                                                                ва шуғли аҳолӣ

                                                                                                                                                                                                                    муҳтарам Ашурализода А.А.

                                                                                                                                                                                                                            аз «___»  «_____» 20      

 

 

Номгӯи

саволҳо барои аз озмун гузаронидани хизматчиёни давлатии

 Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

 

Умумӣ

  1. Дар бораи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумот диҳед?
  2. Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст ва аз чанд модда иборат аст, моддаҳоро шарҳ диҳед?
  3. Тағйирнопазирии шакли идораи давлат дар кадом моддаи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст?
  4. Дар бораи ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд маълумот диҳед?
  5. Муқарраророти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, музд, шароити кор, истироҳат ва ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ чиро ифода мекунад?
  6. Дар бораи ҳуқуқҳо, уҳдадории хизматчиёни давлатӣ маълумот диҳед?
  7. Дар хизмати давлатӣ кадом маҳдудиятҳо барои хизматчиёни давлатӣ оварда шудааст?
  8. Низоми хизмати давлатиро шарҳ диҳед?
  9.  Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат кунед?
  10.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ташкилёбиаш чанд маротиба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст?
  11.  Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  12.  Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  13.  Маҷлиси Олӣ аз кадом палатаҳо иборат аст, маълумот диҳед?
  14.  Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  15.  Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маълумот диҳед?
  16.  Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ кадом категорияҳои мансабӣ муқаррар карда шудааст?
  17.  Оид ба Кодекси одоби хизматчии давлатӣ маълумот диҳед?
  18.  Қонуни забон кай қабул шудаст?

19.Мафхуми “давлати иҷтимои”-ро тибқи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.

20.Мафҳуми “давлати ягона”-ро тибқи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.

21. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризмро номбар кунед.

22. Санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар кунед.

23. Дар бораи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба    зидди терроризм” маълумот диҳед.

24. Мафҳумҳои “терроризм” ва “амали террористӣ”-ро шарҳ диҳед.

25. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабарандаро номбар 

 карда, доираи ваколатҳои онҳоро дар ин самт шарҳ диҳед.

26. Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот пешниҳод намоед.

27. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” маълумот пешниҳод намоед.

28. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунандаро номбар карда, доираи ваколати онҳоро дар ин самт шарҳ диҳед.

29. Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот пешниҳод кунед.

30. Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод кунед.

 

 

       Раёсати ҳифзи меҳнат

  1. Мафҳуми шартномаҳои коллективӣ дар чист?
  2. Корфармо кист?
  3. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудаст?
  4. Корманд кист?
  5. Намудҳои созишномаҳо.
  6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муносибатҳои меҳнатӣ.
  7. Бекор кардани шартномаи (қарордод) бо ташаббуси корманд.
  8. Бекор кардани шартнома (қарордод) бо ташаббуси коргар.
  9. Музди меҳнат чист? Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат?
  10. Қонунгузории меҳнат кадом намуди муносибатро танзим менамояд?
  11. Дар Ҷумҳури Тоҷикистон масъулияти идораи давлатӣ дар соҳаи меҳнат ба зиммаи кадом мақомот вогузор шудааст?
  12. Шаҳрванд аз синни чандсолагӣ метавонад чун корманд, дар асоси шартномаи меҳнатӣ фаъолият намояд?
  13. Ҳудадории корфармо оид ба таъмини ҳифзи меҳнат?
  14. Ҳудадории корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат?

 

 

 

 

 

 

Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

  1. Мафҳуми  шуғл ва бозори меҳнат  чист?
  2. Мафҳуми «бекор» чист ва он чӣ гуна муайян карда мешавад?
  3. Зери мафҳуми  «Захираҳои меҳнатӣ»  чиро мефаҳмед?
  4. Аҳолии аз чиҳати иқтисоди фаъол ва ғарифаъол киҳоанд?
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» кай қабул карда шудааст?
  6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии бозори меҳнат ва шуғли аҳолиро номбар кунед?
  7. Вакансия чист?
  8. Дар асоси кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ расонида мешавад ?
  9. Мафҳуми кӯмаки молиявӣ чиро ифода менамояд ?
  10. Кадом самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дастгирӣ карда мешаванд? Ҳаҷм ва муҳлати баргардонидани кӯмаки молиявӣ аз рӯи кадом нишондодҳои муқаррар карда мешаванд?
  11. Барои гирифтани кӯмаки молиявӣ шаҳрванди бекор ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд ?
  12. Тартиби таъин ва пардохти андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ чӣ тавр сурат мегирад?
  13. Кори ҷамъиятии музднок чист ва он чӣ тавр сурат мегирад?
  14. Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор ҷи тавр ташкил ва дар ин давра ба касбомӯзон бо кадом тартиб  ва дар кадом  андоза стипендия дода мешавад?
  15. Дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ чи гуна роҳандозӣ мешаванд?
  16. Мафҳуми квота чист?
  17. Шаҳрванди бекор кист?

 

Раёсати тарҳрезию молия

    1. Мафҳуми «ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳо» чиро ифода менамояд?
    2. Даромади соф чист?
    3. Хараҷоти хазинавӣ гуфта, чӣ гуна хараҷотро мегӯянд?
    4. Хараҷоти ҳақиқӣ чист?
    5. Мафҳуми «дотатсия» чиро ифода менамояд?
    6. Қарзҳои имтиёзнок гуфта, чӣ хел қарзҳоро мегӯянд? Онҳо аз қарзҳои бонкӣ чӣ фарқ доранд?
    7. Молу амволе, ки аз тарафи дигар ташкилотҳо ба таври ройгон (бепул) ворид мегарданд, дар тавозуни корхона чӣ тавр дарҷ карда мешаванд?
    8. Қарзҳои дебиторию кредиторӣ дар корхона чӣ тавр ба вуҷуд меоянд?
    9. Музди меҳнат аз рӯи кадом ҳуҷҷатҳо ҳисоб карда мешавад?
    10. Музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ бок адом коэффитсентҳо ҳисобӣ карда мешавад ва кадом намуди андоз аз ҳисоби музди меҳнат дошта мешавад?
    11.  Тартиби ҳисоб кардани музди кормандони бемор, ки варақаи корношоямӣ дорад, чӣ гуна аст?
    12. Барои пешбурди фаъолияти муҳосибӣ кадом санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ истифода карда мешавад?
    13. Хазина-хазинадорӣ ва нигоҳдории ҳуҷатҳои пулӣ, барои кори хазинадорӣ кадом  ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ истифода карда мешаванд?
    14. Дар корхонву идораҳо кадом категорияи хизматчиён ё кормандон шахсони таҳти ҳисоботӣ ҳисобида мешаванд?

 

Раёсати ташкилӣ

1.Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои

шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” маълумот диҳед?

2. Муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чанд рӯз аст?

3. Намудҳои муроҷиатҳои шаҳрвандонро номбар кунед?

4. Кадом санади ҳуқуқӣ масъалаҳои муроҷиҳатномаҳои шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад?

5. Тартиби ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо риояи кадом талаботро

пешбинӣ менамояд?

6. Номгӯйи ҳуҷҷатҳоро номбар кунед?

7. Ҳангоми ирсоли ҳуҷҷат бояд кадом қоидаҳо риоя шаванд?

 

Шуъбаи ҳуқуқ

1.Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ кай қабул шудааст?

2. Вазифаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз чӣ иборатанд?

3. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” маълумот диҳед?

4. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро номбар кунед?

5. Кадом намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро медонед?

6. Шохаҳои Ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?

 

 

Бахши кадрҳо

  1.  Кадом санади ҳуқуқӣ масъалаҳои хизматчии давлатиро танзим менамояд?
  2. Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан чанд аст?
  3. Вазифаи шумо ба кадом категорияи хизмати давлатӣ мансуб аст?
  4. Тартиби гузаронидани озмуни ишғоли мансабҳои маъмурии  хизмати  давлатиро шарҳ диҳед.
  5. Талаботҳои тахассусӣ ҷиҳати ба мансаби хизмати давлатӣ қабул шудан.
  6. Тартиби ҳисоб намудани собиқаи хизмати давлатӣ

 

 

 

Наши партнеры