Главная / Все новости
Семинари машварати оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Семинари машварати оид ба Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи «Барнома оид ба паст кардани шуғли бақайдгирифтанашуда (Ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2023»

      Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 16.03.2022 дар якҷояги бо Кумитаи иттифоқи касабаи Маркази шаҳрии муоина ва назорати тиббии варзишгарон бо иштироки 28- нафар кормандони корхонаи мазкур семинанари машварати оиди корҳои фаҳмондадиҳи ҷиҳати Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2020 Дар бораи «Барнома оид ба паст кардани шуғли бақайдгирифтанашуда (Ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2023» баргузор намуд.

        Барнома барои ошкор ва бартарафсозӣ, инчунин муайян ва аз байн бурдани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт, ташкили корҳои маълумотдиҳӣ ба аҳолӣ доир ба оқибатҳои  манфии чунин намуди шуғл дар ҷомеа, таъмини системаи устувор, риоя кардани расмиёти андоз ва мукаммалнамоии сиёсати андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона  карда  шудааст.

       Мақсади асосии Барнома аз баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатӣ, васеъ намудани имконият ба шуғли аҳолӣ, амалигардонии сиёсати ҳадафмандонаи  давлатӣ барои кам намудани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар бозори меҳнат, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Масъалаҳои  фаъолияти  ғайрирасмии  иқтисодӣ  дар  бахши расмии  иқтисодӣ  ва  иқтисоди ғайрирасмӣ  падидаи  нав  набуда, дар ҳамаи мамлакатҳои  ҷаҳон, аз ҷумла  Тоҷикистон  мавҷуд мебошад. Бахши ғайрирасмӣ бевосита ҳам ба шуғли аҳолӣ  ва  ҳам ба иқтисодиёти мамлакат дар умум таъсири манфӣ  расонида, ба ҷузъи мустақили бозори меҳнат табдил ёфтааст. Афзоиши ҳиссаи бахши ғайрирасмӣ тайи даҳсолаҳои  охир дар иқтисодиёт таваҷҷуҳи  ҳарчи бештари давлатҳои ҷаҳон, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва  доираҳои  илмиро  барои  ҳалли  масъалаҳои мазкур, ҳамзамон зарурати дарёфти талошҳои умумро тавассути  ҷустуҷӯи роҳҳои сиёсӣ ва муносибатҳои  инноватсионӣ дар  ин  самт  ҷалб  менамояд.

Дар ин чорабиниҳо масъалаҳои вобаста ба музди меҳнат ва роҳ надодан ба қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, вақти истироҳат ва кафолатҳои он, барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, бокортаъминкунӣ, шартномаи меҳнатӣ ва коллективӣ мавриди барраси қарор дода шудаанд.

                               Мутахассиси  пешбари  шуъбаи

                           Агентии  меҳнат  ва  шуғли    дар ноҳияи                                                       И.Сомонӣ

                              Бахтовари Ҷурахон.

Наши партнеры