МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАСТОВАРДҲОИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Санаи 3-юми июни соли 2026 тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мизи мудаввар дар мавзуи “Дастовардҳои Агентии меҳнат вашуғли аҳоли дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Машғулияти идоравиро муовини якуми директори Агентӣ Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон оғоз карда қайд намуд, ки Истиқлоли – озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб меравад, инчунин дар бораи дастовардҳои 35 солагии истиқлолият ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ Фарангези Ҷамолидин мудири бахши иттилоотии Агентӣ баромад намуда, доир ба “Дастовардҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар фарҷом доир ба мавзуъ суолу ҷавоб доир гардид.
Бахши иттилоотии дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ