Главная / Все новости
ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ СЕТАРАФАИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИ

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ СЕТАРАФАИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ МЕҲНАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

           Санаи 8 феврали соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома 3 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст доир ба рафти иҷрои протоколи ҷаласаи қаблии комиссия ва нақшаи чорабиниҳои Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода шунида шуд.

Намояндагони шарикони иҷтимоӣ ва вазорату идораҳо доир ба иҷрои бандҳои алоҳида ва мушкилоти ҷойдошта ибрози назар намуданд. Раиси комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ муҳтарам Матлубахон Сатториён доир ба ҷараёни иҷрои бахшҳои алоҳидаи Созишномаи мазкур аз намояндагони вазорату идораҳо пурсиш намуданд.

Қайд гардид, ки дар маҷмӯъ дар ин давра аксарияти муқаррароти Созишномаи генералӣ ва бандҳои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, иҷро гардидаанд.

Вобаста ба татбиқи минбаъдаи созишномаи мазкур аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар идомаи ҷаласа рӯнамои лоиҳаи “Рақамикунонии шартномаҳои меҳнатӣ” манзури иштирокчиён гардида, зимни муаррифии он қайд гардид, ки дар сурати амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур тамоми шартномаҳои меҳнатӣ бо тариқи электронӣ ба махзан ворид карда мешаванд ва аз он мақомоти андоз, суғурта ва нафақа истифода карда метавонанд.

Амалӣ намудани лоиҳа боиси зиёд гардидани ҳисобҳои шахсии суғуртавӣ низ мегардад. Дар фарҷом, Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки фаъолиятро ҷиҳати иҷрои саривақтии Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тақвият бахшида, барои таҳкими шарикии иҷтимоӣ, танзими самараноки муносибатҳои иҷтимою меҳнатӣ ва нақшаи фаъолияти комиссия дар соли 2023 чораҳои амалӣ андешанд.

Наши партнеры