Главная / Все новости
   ИДОМАИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

                                                                             ИДОМАИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

18 феврал дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур тибқи нақшаи тасдиқгардида дар мавзеи Лучоби ноҳияи Сино доир шуда, ҳадафи он саҳмгузорӣ дар сабзазоркунӣ, беҳдошти муҳити зист ва зебо гардонидани атроф мебошад.

Дар ин маърака кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Агентӣ фаъолона иштирок намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинониданд.

Наши партнеры