Главная / Все новости
Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

        ЭЪЛОН

Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ бинобар таҷдиди сохтори муассиса озмун эълон мекунад:
1. Мудири бахш-бахши кадрҳо ва ҳуқуқ, маоши моҳона 1560,53 сомонӣ;
2. Мудири бахш-бахши умумӣ ва иттилоот, маоши моҳона 1560,53 сомонӣ;
3. Мудири шуъба-шуъбаи таълимӣ-методӣ, маоши моҳона 1729,53 сомонӣ;
4. Мудири шуъба-шуъбаи мониторинг ва арзёбӣ, маоши моҳона 1729,53 сомонӣ;
5. Мудири шуъба-шуъбаи хоҷагидорӣ, маоши моҳона 1729,53 сомонӣ;
6. Мутахассис-ҳуқуқшинос, маоши моҳона 1119,79 сомонӣ;
7. Мутахассис- бахши умумӣ ва иттилоот, маоши моҳона 1119,79 сомонӣ;
8. Мутахассис- шуъбаи таълимӣ-методӣ; маоши моҳона 1119,79 сомонӣ;
9. Мутахассис- шуъбаи мониторинг ва арзёбӣ, маоши моҳона 1119,79 сомонӣ;
10. Сармутахассис-шуъбаи таълимӣ-методӣ, маоши моҳона 1489,53 сомонӣ;
11. Сармутахассис (таҳлилгар)-шуъбаи мониторинг ва арзёбӣ, маоши моҳона 1489,53 сомонӣ;

 12.  Мудири китобхона, маоши моҳона 1309,23 сомонӣ;
13. Мутахассис (бойгоншинос), маоши моҳона 1119,79 сомонї.
Талаботи тахассусӣ;
- таҳсилоти олӣ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.
       Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба номи директори Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" то 25 октябри соли 2024;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 3х4;
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-дафтарчаи меҳнатӣ;
-РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
-РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ);
-маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.
Маълумоти муфассал бо телефони 231-76-28.  919300214.  907094509.
Суроѓа; Кӯчаи Борбад-71

 

 

Наши партнеры