Главная / Все новости
МАЪРЎЗА

МАЪРЎЗАИ

Амирбекзода М., муовини директори Агентии меҳнат

ва шуғли аҳолӣ дар Шўрои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

 оид ба натиҷаҳои фаъолият дар 9 моҳи соли 2022

 

 

  Дар ибтидо мехостам бо камоли эҳтиром иброз намоям, ки дар ҳисоботи ҷамъбастӣ, нишондодҳо доир ба натиҷаҳои ба дастомада ва дастовардҳо дар соҳаи  ҳифзи меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар нуҳмоҳи соли 2022 муфассал дарҷ гардидаанд.

         Аз ин лиҳоз, бо иҷозати Шумо мехостам дар маҷмўъ доир ба хулоса ва таҳлилу арзёбиҳои сартосарии фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумоти мухтасар манзур намоям.

         Дар давраи мадди назар ба мақсади такмил додану устувор сохтани заминаи қонунгузории соҳаи меҳнат, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар паҳлўҳои ҳаёти иҷтимоии ҷамъият аз ҷониби Агенти 2 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳа “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” ва лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023 - 2025”, таҳия  гардида алҳол дар вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор доранд.

         Дар давраи ҳисоботӣ дар самти танзими масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ корҳои назаррас ба иҷро расида, раванди бақайдгирии огоҳонии шартномаҳои коллективӣ ба андозаи  89,5 фоиз ва иҷрои дурнамои Барнома 92,1 фоиз  таъмин карда шуд.

         Дар нуҳ моҳи соли 2022 бо мақсади танзими масъалаи муносибатҳои меҳнатӣ ва ташвиқу тарғиб намудани сиёсати давлатӣ дар ин соҳа дар 3554 корхона, муассиса ва ташкилотҳо вохуриҳо бо корфармоён баргузор гардида, ба 13357 нафар кормандони онҳо вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кўмаки методию амалӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ расонида шуд.

         Дар баробари ин, бо мақсади таҳким ва рушди шарикии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва маъсулиятшиносии субъектони муносибатҳои меҳнатӣ дар давраи мадди назар 1140 маротиба вохўриҳо аз ҷумла, 496 маротиба семинар - машварат, 360 мизи мудаввар, 135 барномаи телевизионӣ, 149 баромад тариқи радио бо иштироки 5595 субектҳои хоҷагидор, шарикони иҷтимоӣ ва сохторҳои дахлдори давлатӣ бо фарогирии 21666 нафар намояндаи онҳо ташкил ва гузаронида шуд.

         Инчунин, 159 мақола роҷеъ ба самти муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳамкориҳо бо шарикони иҷтимоӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба нашр расида, 170 адад маводҳои таҳлилӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сомонаи Агентӣ ва дигар сомонаҳо ҷой дода шудаанд.

         Нишондиҳандаи мазкур нисбати ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 (1035 вохӯрӣ) 105 маротиба ё ба андозаи 10,1 фоиз зиёд мебошад.

         Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 339513 адад субъектони хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 31787 адад корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, 170646 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 100323 адад тариқи патент ва 36757 адад тариқи шаҳодатнома амал мекунанд.

         Ҳамзамон дар давраи мадди назар 1080 адад корхона ва ташкилотҳои нав таъсис дода шуда 681 адад корхона барҳамхурдааст, ки теъдоди корхонаҳои навътаъсис нисбат ба корхонаҳои барҳамхурда 399 адад зиёд мебошад. 

         Аз теъдоди 31787 адад корхона ва муассисаҳо 19904 адад, ё худ 62,6 фоиз ташкилот, корхонаҳое мебошанд, ки ҳуқуқи баимзо расонидани шартномаи коллективиро доранд.

         Ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ 17817 адад, ё худ 89,5 фоиз шартномаҳои коллективии баимзорасидаи муассисаю ташкилотҳо аз қайди огоҳонии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузаронида шудаанд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 (16071 адад буд) 1746 адад, ё ба андозаи 10,7 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши ин раванд дар ВМКБ 137 адад, вилоятҳои Суғд 99, Хатлон 723, шаҳри Душанбе 645 ва дар ШНТҶ 142 ададро ташкил медиҳад.

         Аз теъдоди умумии шартномаҳои коллективии бақайдгирифташуда ба соҳаи хоҷагии қишлоқ 32,9 фоиз, маориф ва варзиш 24,6, мақомоти идораи давлатӣ 6,5, тандурустӣ 5,2, саноат 4,4, савдо ва хўроки умумӣ 3,4, сохтмон 2,4, хизматрасонии маишӣ 2,3, фарҳанг ва санъат 1,7, ташкилотҳои ҷамъиятӣ 1,9, қарз ва суғурта 1,4, нақлиёт ва роҳ 1,4, илм, хизматрасонии илмӣ 1,1 ва хоҷагии манзилию комуналӣ ва дигар соҳаҳо 10,8 фоиз рост меояд.

          Беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ин ба баланд бардоштани музди маоши кормандон рабт дорад ва тавре аз маълумотҳои таҳлилӣ бармеояд, болоравии музди меҳнат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дида мешавад.

          Дар давраи маддӣ назар музди меҳнати миёнаи номиналии кормандони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ 1711 сомонӣ 30 дирамро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  (1544,9 сомонӣ буд) 166,4 сомонӣ ё 10,8 фоиз зиёд гардидааст.

          Музди меҳнати номиналӣ дар ВМКБ 1584 сомонӣ 58 дирам, вилоятҳои Суғд 1599 сомонӣ 6 дирам, Хатлон 1273 сомонӣ 22 дирам, шаҳри Душанбе 2483 сомонӣ 32 дирам ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1398 сомонӣ 47 дирамро ташкил медиҳад

         Музди меҳнати камтарин дар ин давра, дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор ва моҳипарварӣ - 680 сомонӣ 10 дирам рост омада, музди меҳнати аз ҳама баланд дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - 3 ҳазору 49 сомонӣ 30 дирамро ташкил медиҳад.

         Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди меҳнати аз ҳама баланд дар соҳаи миёнаравиҳои молиявӣ ва суғурта - 4 ҳазору 777 сомонӣ 66 дирам, иттилоот ва алоқа - 3 ҳазору 521 сомонӣ 20 дирам ба қайд гирифта шудааст.

         Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, музди меҳнати кормандони соҳаи миёнаравиҳои молиявӣ ва суғурта нисбат ба музди меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ 7,1 баробар зиёд аст.

          Ҳамзамон дар давраи мадди назар музди миёнаи меҳнати аз ҳама кам дар тақсимоти шаҳру ноҳияҳо ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ - 954 сомонӣ 20 дирам мансуб буда, музди миёнаи аз ҳама баланд ба ноҳияи И.Сомонӣ - 3 ҳазору 435 сомонӣ 40 дирам  рост меояд.

         Омилҳои  асосии пайдо шудани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ин аз фаъолият боз мондани корхонаҳо, напардохтани ҳаққи хизматрасонии аз ҷониби фармоишгари корҳо, тағийр ёфтани шакли моликият, набудани маблағ барои харидорӣ намудани ашёи хом, ба савдо нарафтани маҳсулотҳои истеҳсолгардида ва муфлис гардидани корхона мебошад.

         Тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳолати 1 июли соли 2022 арзиши сабади истеъмолӣ барои як рўз 31 сомонӣ 86 дирам, барои як моҳ 1091 сомонӣ 22 дирам ва барои як сол бошад 13 ҳазору 376 сомонӣ 24 дирам мебошад, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2021 ба андозаи 50 фоиз афзудааст.

         Андозаи сабади истеъмолӣ барои аҳолии қобили меҳнат дар як моҳ, аз ҷумла барои мардҳо 1 ҳазору 107 сомонӣ 53 дирам ва барои занҳо 1 ҳазору 7 сомонӣ 63 дирам мебошад.

         Ин нишондод барои нафақагирон 850 сомонӣ 67 дирам, барои кўдакони аз синни таваллуд то 7 сола  755 сомонӣ 10 дирам ва барои бачагони синни аз 7 сола то 14 сола 1 ҳазору 735 сомонӣ 26 дирам дар як моҳ муқаррар гардидааст.

         Маврид ба зикр аст, ки афзоиши андозаи сабади истеъмолӣ асосан ба зиёдшавии нархи маҳсулоти озуқа, ки 35,0 фоиз ва хизматрасонӣ то 10,0 фоиз афзудааст рабт дорад.

               

          Вазъи феълии шуғлнокӣ. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи баҳои пешакӣ, дар моҳи июни соли ҷорӣ 2 млн. 578,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 2 млн. 522,1 нафар (97,8 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 56,6 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ доранд, ки ин нишондод 2,2 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад.

         Аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳама намуди моликият дар моҳи июни соли  2022-ум 1 млн. 241,6 ҳазор нафар ё 49,2 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод.

        Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2022 нисбат ба моҳи майи соли 2022-ум 0,4 фоиз ва нисбат ба моҳи июни соли 2021-ум бошад, 0,9 фоиз зиёд шудааст.

 

        Таъсиси ҷойҳои нави корӣ. Тайи ин давра аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 94108 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин 44665 (47,52 фоиз) ҷои кори доимӣ, 19363  (20,6 фоиз) ҷойи корӣ муваққатӣ ва 26626 (28,3 фоиз) ҷойи кории мавсимӣ мебошанд.

         Ҳамчунин дар давраи маддӣ назар 502 (0,5 фоиз) ҷойи кори иловагӣ ташкил ва 2984 (3,2 фоиз) ҷои корӣ барқарор шуда, 27661 ҳолати барҳам ва ихтисори ҷойи корӣ ба қайд гирифта шудааст.

         Миёнаравӣ дар бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ. Тайи давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 109211 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 81198 нафар ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуда, ба 45918 нафари онҳо расман мақоми бекорӣ дода шуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта мутаносибан 3,5 - 5,6 фоиз зиёд мебошад.

        Дар ин давом тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 56240 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, ба 131996 нафар хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд.

        Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод.

        Ҳозирини гиромӣ, тайи давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 806 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки 8240 корхонаю муассисаҳо ташкил ва гузаронида шуд.

        Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи мазкур 11273 нафар шаҳрванд ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 8456 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки ба ҳар як ярмарка 10,5 нафар рост меояд. Аз ин теъдод 3832 нафар зан ва 4132 нафар ҷавон мебошанд.

        Ҳамзамон Агентӣ дар иртибот ба таъмини  иҷрои супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорат ҷиҳати таҳким, тақвият ва самаранок ба роҳ мондани фаолият дар самти ташкил ва баргузор намудани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба роҳ монда, як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд.

Аз ҷумла, давоми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар натиҷаи роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманд аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой, ҶДММ “Заринк”, ҶДММ “Сипари Суғд”, ҶДММ “Органик ЯН”, Заводи хиштбарорӣ, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж”, ҶДММ “Нурафзо 2010”, ҶСП “Заводи таҷрибавии механики”-и ш. Норак, ҶДММ “Нуроб-сохтмон”, ФҶСП “Туннел Садди Ориёно”, ҶДММ “Элитстрой” ва ҶСФ “Сохтмони асосӣ” дар маҷмуъ 6242 ҷои холии корӣ бо музди маоши аз 2750 то 4500 сомонӣ ҷамъоварӣ ва дастраси мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гардонида, тавассути сатри равони шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, сомонаи соҳавии www.kor.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷери (Facebook) манзури  шаҳрвандон  гардонида  шуданд.

Дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ. Тай давраи ҳисоботи тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 2520 нафар шаҳрванди бекор барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 7 млн. 984,7 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ дода шуд, ки аз ин теъдод 1441 нафар зан ва 945 нафар ҷавон буда, ба онҳо мутаносибан  4 млн. 567,3 ҳазор сомонӣ ва 3млн. 2,2 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ пардохт гардид.

Дар давраи баррасишаванда аз ҷониби шаҳрвандон 7 млн. 699,6 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок баргардонида шуд.

Тайёрии касбӣ ва бозомўзии шаҳрвандони бекор. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ тавассути муассисаҳои таълими касбии калонсолони системаи Агентӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 54509 нафар шаҳрванд ба курсҳои кутоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия сафарбар шуданд.

Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барнома 17133 нафар ва тавассути худмаблағгузорӣ 8341 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, малакаи касбии 8054 нафар шаҳрванд бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардиданд.

Дар маҷмӯъ тавассути муассисаҳои таълими касбии калонсолони системаи Агентӣ 33528 нафар ва ба воситаи роҳхатҳои иловагии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 20981 нафар шаҳрванд ба курсҳои тайёрии касбӣ сафарбар шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 27 ҳазору 774 нафар хизмати касбӣ расонида шудааст, ки аз ин теъдод 11 ҳазору 250 нафар шаҳрванди бекор, 360 нафар маъюб, 3421 ҷавонони синни 15 то 29 сола, 1193 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рухсатшуда, 384 шахсони аз маҳбас озодшуда, 1582 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва 1374 нафар шахсони дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.

Дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта. Давоми нуҳ моҳи соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3014 нафар муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта муроҷиат намуданд, ки аз ин теъдод 2743 нафар мард ва 271 нафар зан мебошанд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 375 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 271 нафар ба тайёрии касбӣ, 161 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок, 81 ба фаъолияти соҳибкорӣ сафарбар шуда, ба 2126 нафар машварати касбӣ расонида шуд.

         Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок. Дар давраи маддӣ назар тибқи 189 шартномаҳои тарафайн бо корфармоён 5078 нафар бекорони дар қайди мақомоти менат ва шуғли аҳолӣ буда, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд, ки аз ин 2062 нафар (40,6%) зан ва 1882 нафар (37%) ҷавонон мебошанд.

        Таъин ва пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби бақияи маблағҳои соли гузашта ва маблағгузории соли равон ба 9346 нафар шаҳрвандон дар ҳаҷми 6 млн. 213 ҳазору 863 сомонӣ кӯмакпулӣ барои бекорӣ таъин ва пардохт гардид.

Аз ҷумла, ба 8011 нафар ҷавонони рухсатшуда аз Артиши миллӣ дар ҳаҷми 4 млн. 487 ҳазору 538 сомонӣ, ба 1069 нафар озодшудагон аз муассисаҳои ҷазои ҷиноятӣ ба андозаи 707 ҳазору 609 сомонӣ ва ба 266 нафар шаҳрванди ихтисоршуда аз ҷойи кор 1 млн.18 ҳазору 716 сомонӣ кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шуд.

        Фаъолият дар самти робитаҳои байналмиллӣ. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати тавсеа ва таҳкими фаъолият пайваста талош варзида, бо мақсади рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, омўзиши талаботи воқеии бозори меҳнат ба кадрҳои коргарӣ, таҳия ва амалисозии барномаҳои ҷадиди таълими касбӣ ва арзёбии сифати хизматрасониҳои таълими касбӣ дар ҳамкори бо шарикони рушд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

         Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ Агентӣ дар доираи созишномаҳои батасвибрасида ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё (IDB), Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV international), Идораи Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ), Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ), Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ),  Фонди глобалии СММ, Созмони Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират (СБМ), Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия (ТИКА), “Ҳайати Шавқат” (MERCY CORPS), “Кўдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” (RCVC), Ташкилоти байналхалқии “Агроаксияи Олмон” ва Ташкилоти хайриявии Caritas Олмон зич ба роҳ монда, корҳои назаррасеро ба анҷом расонид.

         Аз ҷумла, дар ин давом бо дастгирии молиявии “Фонди немисии хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (Sparkassenstiftung)” ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, Лоиҳаи минтақавии «Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон», мавриди амал қарор дода шуд.

Шаҳрҳои  Бохтар,  Кўлоб, Ҳисор ва ноҳияи Б. Ғафуров ба ҳайси минтақаҳои пилоти интихоб гардида, аз ҳисоби кормандони раёсату шуъбаҳои Агентии  меҳнат ва  шуғли  аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои болозикр 8 нафар ва филиалҳои МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  8  нафар, ҷамъ 16 нафар ба омўзиш фаро гирифта шуданд, ки онҳо минбаъд ҳамчун тренер омўзгор ба шаҳрвандон дар самти баланд бардоштани “Маърифати молиявӣ” ва “Малакаҳои соҳибкорӣ” курсҳои омўзишии сайёр мегузаронанд.

Ҳамзамон бо мақсади фароҳам овардани фазои беҳатар барои гузаронидани тренингҳо 2 синфхонаи таълимии филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Ҳисор бо мебел, техникаи компютерӣ ва проектор ҷиҳозонида шуда, як микроавтобуси  тамғаи “Hyundai” ҷиҳати ба роҳ мондани курсҳои омӯзиши сайёр дар маҳалҳои дурдаст, ва дигар таҷҳизоти зарурӣ аз қабилӣ мизу курсиҳо, айвонҳо ва таҷҳизоти компютерӣ ва 16 адад ноутбукҳо ба мултипликаторон барои омодагӣ ва гузаронидани тренингҳо тақдим карда шуда, нақша ва барномаҳои таълимӣ роҷеъ ба “Маърифати молиявӣ” ва “Малакаҳои соҳибкорӣ” мавриди таҳия қарор доранд.

         Дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV international) биноҳои филиал ва намояндаҳои МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Норак иборат 6 синфхона ва 1 утоқи корӣ, шаҳри Гулистони вилояти Суғд 4 синфхона ва 1 утоқи корӣ ва дар ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара 4 синфхона ва 1 утоқи корӣ аз таъмир бароварда шуда, бо таҳҷизотҳои муосир ҷиҳозонида шуданд.

          Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ - иқтисодӣ» дар ҳамкорӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (НСИФТ) ва дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Кўлоб, ноҳияҳои Ишкошим (2 адад), Шуғнон (2 адад), Ванҷ (ҷ/д Язгулом), Панҷ (ҷ/д Намуна) ва Ҳамадонӣ (ҷ/ш Москва), “Марказҳои омўзиши ҷавонон” таъсис ва бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ муҷаҳаз гардонида шуданд. Таъмини пойдории минбаъдаи ин марказҳо ба зимаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вогузор гардида, то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

        Дар доираи лоиҳаи “Роҳнамоии касбӣ”, ки бо дастгирии Бунёди кудакони СММ - ЮНИСЕФ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамонҳангсозии Ташкилоти ҷамъиятии “ТаҷРапт” (маркази зеҳни сунъӣ) амалӣ шуда истодааст, “Портали роҳнамои касбӣ” созмон дода мешавад.

        Давоми  моҳҳои  иню - сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби гурўҳи корӣ дар якҷоягӣ бо коршиносони ташкилоти байналмилалии “Афлотун” 16 анкетаҳо ва пурсишномаҳои нав таҳия гардида, аз ҳисоби кормандони МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ” ва муассисаҳои таълими касбии системаи Агентӣ 30 нафар тренерон барои расонидани машварати касбӣ дар самти “Интихоби касб барои ҷавонони аз 15-24 сола” омода карда шуданд.

Бо дастгирии Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) Лоиҳаи «Беҳтар кардани вазъи шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта» дар 16 шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Турсунзаде Ҳиссор, Ваҳдат, Конибодом, ноҳияҳои Ашт, Ғафуров Ёвон, Рўдакӣ) мавриди амал қарор дорад.

         Дар доираи лоиҳаи мазкур дар сомонаи www.shugl.tj “Портали махзани менторҳо (усто шогирд)” барои итифодабарии мустақилонаи муҳоҷирони меҳнатии баватан баргашта таъсис дода шуда, аз ҳисоби 16 шаҳру ноҳияҳои пилоти 500 ментор, 36 тренер омўзгор омода шуда ва 2500 муҳоҷири меҳнати ба омўзиш фаро гирифта мешаванд.       

         Рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар давраи ҳисоботи бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимӣ касбии системаи Агентӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 9778 нафар шаҳрванд тибқи 28 номгўи  касбу ҳунарҳои мардумӣ ба омўзиш ҷалб гардиданд.

         Ҳамзамон тайи ин давра ба 585 нафар ҳунармандон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ 1 млн. 921,6 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.

         Фаъолияти кумитаҳои маҳаллии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ. Давоми нуҳ моҳи соли 2022 аз ҷониби кумитаҳои маҳаллии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 183 ҷаласа баргузор шудааст, ки аз ин шумора 2 ҷаласа дар сатҳи ҷумҳурӣ, 7 ҷаласа дар сатҳи вилоят ва 174 ҷаласа дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Дар кори ин ҷаласаҳо 302 масъала вобаста ба ҳифзи меҳнат ва мусоидат шуғли аҳолӣ мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода шудаанд.

        Фаъолият дар самти корҳои тарғиботӣ - ташвиқотӣ. Дар нуҳ моҳи  соли 2022 ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботӣ самти ҳифзи меҳнат ва мусоидат  шуғли аҳолӣ 242 барномаю гузоришҳо тавассути шабакаҳои телевизион, 118 гузоришҳо ба воситаи радиои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, 164 мақолаҳо дар рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» ва дигар рўзномаҳои даврӣ, 261 гӯшаҳо (стендҳо), 213 тахтаи эълонҳо, 1079 эълон тавассути ВАО ва 324 хабару эълон ва маълумотҳо ба сомонаҳои соҳавии www.mehnat.tj; www.shughl.tj ва www.kor.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷери (Facebook) ворид карда шуда, манзури  шаҳрвандон  гардонида  шуданд.

        Ҷиҳати фаъолияти мунтазам ва самарабахш  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 - 2023 фармоиш ва нақша - чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар сохторҳои таркибии Агентӣ мавриди иҷро қарор дорад.

        Ҳамзамон бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша - чорабиниҳои Агентӣ ба тасвиб расида, корҳои ободониву бунёдкорӣ, тозаю озода намудани биноҳои маъмурӣ, шинонидани гулу бутаҳои ороишӣ, насб намудани шиору овезаҳои ҷашнӣ ва баргузор намудани ҳашарҳои дастаҷамъона дар сохторҳои таркибӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Наши партнеры