Баргузории семинари машварати дар мавзуи
«Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат»
Рӯзи 16 феврали соли 2023 аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷиҳати расонидани кӯмаки методию амалӣ бо ҳузури 45 нафар сармуҳосибон, коргузорон, раисони иттифоқи касаба ва дигар шахсони масъул аз 22 корхонаю муассисаҳои дар ноҳия фаъолиятдошта семинар - машварат вобаста ба муқаррароти қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2014, №661 “Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд”, аз 6 сентябри соли 2014, №592 “Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир ва хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо”, аз 27 апрели соли 2021, №154 “Дар бораи Тартиби гузаронидани рӯзи истироҳат ба дигар рӯзи корӣ” ва боби 37-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат” бо моддаҳои 345, 346, 347 ва моддаи 348 баргузор гардид.
Чорабиниро Шокирзода Асомуддин сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ифтитоҳ намуда, аз ҷониби масъулини шуъбаи мазкур барои иштирокчиёни семинари машварат вобаста ба талаботҳои боби 37-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба моддаи 345 - ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, моддаи 346-уҳдарорииҳои корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат, моддаи 347-ҳуқуқи корфармо ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, моддаи 347-уҳдадориҳои корфармо ва таъмини ҳифзи меҳнат маълумоти муфассал манзур гардонида шуд.
Ҳамзамон, дар рафти семинар аз ҷониби Негматов Таур раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи буҷет, Назриев Латиф раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, Негматов Садриддин раиси иттифоқи касабаи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Бобоев Аҳмадхон сармуҳосиби МИҲД, Назиров Амирхон директори маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, Бодуров Мадамон хадамоти ҳифзи меҳнати кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, Амирхоҷаев Холмад сармуҳосиби маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Қамарзода Умар раиси Ҷамоати деҳоти Шӯрообод ва дигарон оиди мавзуъи мазкур баромадҳои ҷолиб ва масъалагузориҳову пешниҳодҳои муҳим анҷом дода шуда, ба иштирокчиёни семинар қарорҳои зикргардида дар шакли электронӣ ва чопӣ дастрас гардиданд.
Дар семинар машварат сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Насими Терай” Ҳоруншо Мустафоев бо мақсади тарғиби бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва ҳидояти иҷрои уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои корфармоён фаъолона иштирок кард.
Назаров Шайдулло-сармутахассиси
ШАМША дар н.Ш.Шоҳин