Главная / Все новости
ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ 115-УМИ ШУРОИ  СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ 115-УМИ ШУРОИ  СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ

Рӯзҳои 26-28 ноябри соли 2024 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар ҷаласаи навбатии 115-уми Шурои Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), ки бо ташаббуси Мудири кулли СБМ дар шаҳри Женева баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар доираи ҷаласаи Шуро баргузории чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Роҳҳои муҳоҷирати мунтазам: даъвати глобалӣ барои амал» ба нақша гирифта шуда буд, ки дар кори он Нодирӣ Шаҳноза Анвар иштирок ва суханронӣ намуд.

Муовини вазир дар баромади худ саҳми СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики асосӣ дар такмили сиёсати муҳоҷирати кишвар муҳим арзёбӣ намуда, доир ба иҷрои ҳадафҳои Шартномаи глобалӣ оид ба муҳоҷират (ШГМ), ташаббусҳои СБМ дар хусуси дастгирии техникии кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ШГМ ва истифодаи иқтидори муҳоҷирати бехатар, танзимшаванда ва қонунӣ маълумот дод.

Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки ШГМ ҳамчун ҳуҷҷати муҳим дар самти танзими раванди муҳоҷират, аз ҷумла мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, қабули Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2023 – 2025 ва дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шабакаи глобалии сиёсат ва стратегияи муҳоҷират яке аз дастовардҳои кишвар дар татбиқи ҳадафҳои ШГМ мебошанд.

Нодирӣ Шаҳноза Анвар таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба афзалиятҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират, ки ба самти такмили заминаи меъёрӣ ҳуқуқии раванди муҳоҷират мутобиқи ШГМ, гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мувақкатӣ дар давлатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ, тақвияти омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсиси фонди дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳое, ки чунин механизмро роҳандозӣ намудаанд, реинтегратсияи муҳоҷирони баргашта, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва шомилшавии шаҳрвандон-муҳоҷирони кишвар ба созмонҳои террористию экстремистӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи муҳоҷирати бехатар, қонунӣ ва мураттаб нигаронида шудаанд, ҷалб намуд.

Наши партнеры