Главная / Все новости
  ДАВРИ НИҲОИИ ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ҲУНАРМАНДОНУ КОСИБОН “БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД”

                                                                                            ДАВРИ НИҲОИИ ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ҲУНАРМАНДОНУ КОСИБОН “БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД”

 

 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар робита ба иҷрои банди 13 Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаву ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №АП-952 тасдиқ шудааст, рӯзи 13 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” даври ниҳоии Фестивал – озмуни ҳунармандону косибон “Беҳтарин усто ва шогирд” – ро ҷамъбаст намуд.

 

Фестивал – озмуни мазкур аз се давр иборат буда, ғолибони ба даври ниҳоӣ роҳёфта аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи 4 номинатсия - “Қаннодӣ”, “Бофандагӣ ва дӯзандагӣ”, “Коркарди чӯб” ва “Коркарди метал ва маснуоти тайёри филизӣ”  намунаи ҳунарҳои худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.

 

Мақсади баргузории Фестивал – озмуни ҳунармандону косибон “Беҳтарин усто ва шогирд” – ин ташаккули мактаби анъанавии усто-шогирд, мактабҳои суннатии авлодӣ ва оилавӣ, густариш додани омӯзиши ҳамаи касбҳои косибӣ ва ҳунармандӣ бо усули усто-шогирд, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.

 

Дар маросими ҷамъбасти Фестивал – озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, роҳбарияти вазорату идораҳо ва намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ хусусияти хоси фестивали имрӯзаро дар тарғиби мактаби усто – шогирд арзёбӣ намуда, ин анъанаи ниёгон ҳамчун яке аз воситаҳои ҳифзи ҳунарҳои нодир ва рушди ҳунармандӣ миёни мардум таъкид гардид.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иброз дошт, ки   ҳар яке аз ин самтҳо на танҳо мероси фарҳангии миллати мост, балки манбаи муҳими таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд. Рушди ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама, ба худиштиғолӣ, болоравии даромади оилаҳо ва тақвияти иқтисоди маҳаллӣ мусоидат менамояд.

 

Имрӯз даври ниҳоиро ҳакамон баҳогузорӣ карданд ва мо бо қаноатмандӣ мушоҳида менамоем, ки ин анъанаи мактаби усто - шогирд бо мазмуну муҳтавои нав рушд ёфта, на танҳо таҷрибаи ҳунарӣ, балки арзишҳои ахлоқӣ, эҳсоси зебоипарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгонро ба насли ҷавон интиқол медиҳад. Ин раванд замина фароҳам меорад, то ҷавонони боистеъдод ҳамчун ворисони арзандаи фарҳанги миллӣ ба камол расанд.

 

Бояд қайд намуд, ки анъанаи “усто – шогирд” на танҳо воситаи омӯзиши ҳунар, балки мактаби тарбияи ахлоқ, одобу рафтор ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз дар доираи ин мактаб насли ҷавон аз устодони худ на танҳо нозукиҳои касб, балки сабақҳои зиндагӣ, ҳисси масъулият ва муҳаббат ба Ватанро низ меомӯзанд.

 

Дар даври ниҳоӣ 68 нафар устоҳои чирадаст бо шогирдони худ иштирок намуда, ҳайати ҳакамон иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва донандагони хуби нозукиҳои касбҳои қаннодӣ, бофандагию дӯзандагӣ, коркарди чӯб ва коркарди металу маснуоти физилӣ ба маҳсулоти ҳунармандии пешниҳодшуда баҳогузорӣ карда, ғолибонро муайян намуданд. Ғолибони даври ниҳоии Фестивал-озмун бо дипломи дараҷаҳои 1, 2 ва 3 сарфароз ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Наши партнеры