Ахборот
аз рафти баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи
“Саломатии миллат сарвати бебаҳост”
бо иштироки мутахассисони Вазорати тандурусти ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии ТоҶикистон
ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди
Президенти Ҷумҳурии Точикистон
Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 18 апрели соли 2023 мизи мудаввар оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар барои истифодаи шахсӣ, истифодаи чораҳои алтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада ва “Дар бораи тасдиқи Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар мавзӯи “Саломатии миллат сарвати бебаҳост” бо иштироки Низомӣ Суруш – нозири Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, лейтенанти калони х.н.м.н. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёқубов Изатулло– мудири шуъбаи мониторинг ва баҳодиҳии МД “Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” ва Сафарали Абдулло- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи МД “Маркази Ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони Раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва директорони муассисаҳои таълими касбии системаи он дар шаҳри Душанбе баргузор намуд.
Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ оғоз намуда, қайд карданд, ки баргузории чорабинии имрӯза ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр инчунин, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва зерсохторҳои он, бобати пешгирии хавфи вируси бемории ВНМО, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандон, алалхусус ҷавонон ба зиёновар будани маводи мухаддир, зиёд намудани ҳисси нафрати мардум ба нашъаю нашъамандӣ ва интихоб намудани тарзи ҳаёти солим, равона гардидааст.
Дар рафти чорабинии мазкур Низомӣ Суруш – нозири Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, лейтенанти калони х.н.м.н. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёқубов Изатулло– мудири шуъбаи мониторинг ва баҳодиҳии МД “Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” ва Сафарали Абдулло- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи МД “Маркази Ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба мавзӯи чорабинии мазкур баромад намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Ашурализода А.А., директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қайд намуд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Саломатӣ асоси некӯаҳволии шахсӣ, оилавӣ ва иҷтимоии инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шумоён даъват ба амал меорам, ки баҳри ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути принсипҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат ва дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим камари ҳаммат баста, бар зидди бемории сироятии ВНМО муборизаи дастаҷамъона барем!
Дар фарҷоми кори мизи мудаввар вобаста ба мавзуҳои матраҳгардида музокирот сурат гирифт.
Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ