Главная / Все новости
   Оид ба рейдҳои оммавӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия

                                         Оид ба рейдҳои оммавӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия

    Ба иттилои шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонем, ки масъалаи баргузор гаштани рейдҳои оммавӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия санаи 29 марти соли 2023 зимни ҷаласаи маҷозии навбатӣ бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ ва намояндагиҳои дипломативу муҳоҷиратии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони сохторҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилӣ матраҳ гардида буд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар робита ба иттилоотонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Федератсияи Россия вобаста ба рейдҳои оммавӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия санаи 30 марти соли 2023 дар сомонаи расмии Намояндагӣ хабар таҳти унвони “Будубоши худро расман ба қайд гиред”-ро ба нашр расонид.

Новобаста аз эълони хабар дар сомонаи расмӣ, инчунин аз ҷониби Намояндагӣ пайваста зимни вохӯриву мулоқотҳо ва қабули инфиродӣ дар дафтари Намояндагӣ бобати ба расмият даровардани будубош ва таҳияи саривақтии ҳуҷҷатҳои иҷотазатдиҳандаи фаъолият корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Амалиёти мазкур дар ҳамаи минтақаҳои Федератсияи Россия баргузор гардида, вобаста ба вазъияти кунунӣ ва таъмини бехатарии кишвари иқомат, инчунин муайян намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ равона карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар амалиётҳои тайи рӯзҳои охир аз ҷониби мақомотҳои қудратии Федератсияи Россия гузаронидашуда, ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифта шуда, пас аз муайян гардидани шахсият ва вазъи ҳуқуқӣ, шаҳрвандон бе мамониат озод гардиданд.

То ин давра, дар доираи амалиёти мазкур дар шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур, шаҳр ва вилояти Москва ва шаҳри Уфа рейдҳо гузаронида шудаанд.

Ба шаҳрвандоне, ки то ин давра будубоши худро расман ба қайди давлатӣ нагузоштаанд, тавсия дода мешавад, ки фавран худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта, барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бастаи ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд.

Дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ ҷиҳати расмикунонӣ дар давлати иқомат муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7(999)912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982)739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966)031-22-22;

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Наши партнеры