Главная / Все новости
Ахборот

Ахборот

аз рафти баргузории Семинар-машварат таҳти унвонии

“Саҳми мо дар пешгириву маҳкумсозии ифротгароӣ”,

бо ишитроки намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

     Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” санаи 10 майи соли 2023, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ, оид ба роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар шароити муосир, семинар-машварат таҳти унвони  “Саҳми мо дар пешгириву маҳкумсозии ифротгароӣ”, бо иштироки Подполковники милитсия, сардори шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои солҳои пешини Шуъбаи пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи  Раёсати мубориза бар зиддии ҷиноятҳои мутташакили (РМЗҶМ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъазода Рустам Ҷумъа, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони Раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои ш. Душанбе, директорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ касбии системаи он ва филиалҳои онҳо дар шаҳри Душанбе баргузор намуд.

        Чорабинии мазкурро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ  ифтитоҳ намуда, сараввал иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байён намуданд:

Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбарҳои Созмонӣ Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид намуданд, ки террорист -  ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳоли исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

           Дар рафти чорабинии мазкур намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъазода Рустам Ҷумъа – Подполковники милитсия, сардори шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои солҳои пешини Шуъбаи  пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи  Раёсати мубориза бар зиддии ҷиноятҳои мутташакили ВКД вобаста ба мавзӯи “Таснифи умумии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ   намуда, иброз доштан, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстримизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағирёбандаанд.

         Бо мақсади муқовимат ба экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстримистӣ ва террористӣ, Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тавсиб расида, Нақшаи амал оид ба амалисозии он тасдиқ карда шудааст, ки мавриди амал қарор дорад.

          Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва хисси баланди миллӣ омили асоситарин  ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минъбад низ мафҳуми “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯази худ қарор диҳем.

          Дар фарҷоми чорабинӣ Ашурализода А.А., директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қайд карданд, ки дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакили Парламент таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, ки ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад.

     Танҳо бо иҷрои ин вазифаи муқаддас ва адои ин қарзи имонӣ, фақат бо меҳнати ҳалол, софдилона ва фидокорона мо метавонем  давлати  ҷавону соҳибистиқлоли  худро  обод созем, тараққӣ диҳем, пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам намоем ва мақому обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ  баланд  бардорем.

     

          Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии

              Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Наши партнеры