Главная / Все новости
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ “РОСАТОМ” ВА “НОСТРОЙ”

                        МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ “РОСАТОМ” ВА “НОСТРОЙ”

       26 апрели соли равон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ҳайати Федератсияи Россия бо роҳбарии Генадий Сахаров - директори сармоягузории асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии «Росатом», Президенти Ассотсиатсияи “Иттиҳодияи миллии бинокорон” (“НОСТРОЙ”)-и Федератсияи Россия Антон Глушков ва намояндагони ширкати давлатии “Росатом” Дмитрий Рибалкин ва Борис Куликовро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили касбомӯзӣ ва таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Федератсияи Россия мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории шарикӣ барқарор намуда, муносибатҳои дарозмуддатро барои баланд бардоштани касбияти захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, ҳайати меҳмонон 27 апрели соли ҷорӣ аз ҷараёни омӯзиши касбӣ дар МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” боздид намуда, бо имкониятҳои фарогирии касбомӯзон аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи сохтмон шинос шуданд.

Наши партнеры