Боздид аз намоиши асал ва иштирок дар семинар - машварати занбӯриасалпарварони
ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ховалинг
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши асал дидан намуда, дар семинар - машварати занбӯриасалпарварони кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар намоиши мазкур 28 гӯша таъсис дода шуда, занбӯрпарварони ҷумҳурӣ маҳсулоти асалӣ, аз ҷумла муми занбӯри асал, гарди гул, ширеши занбӯр, шири модарзанбӯр ва навъҳои зиёди асалро муаррифӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо занбӯрпарварон, олимону мутахассисони соҳа суҳбати самимӣ ороста, аз самараи меҳнат ва натиҷаи фаъолияти назарраси онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар намоиш зиёда аз 70 тонна асал, ки аз ҷониби занбӯрпарварони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаклу андозаҳои гуногун бастабандӣ гардидааст, пешниҳод карда шуд.
Тибқи иттилои масъулон ба ҳолати 1 июни соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 263 ҳазору 703 оилаи занбӯри асал, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон 8 ҳазору 392 оила, дар вилояти Суғд 79 ҳазору 828 оила, дар вилояти Хатлон 64 ҳазору 66 оила ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 111 ҳазору 417 оила парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 586 оила зиёд мебошад.
Дар ин давра истеҳсоли асали молӣ 23,5 тоннаро дар бар мегирад, ки ин миқдор асал танҳо дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон истеҳсол шудааст ва акнун, бо фарорасии мавсим дар дигар минтақаҳои мамлакат ҷамъоварии асал шуруъ мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор занбӯриасалпарвар фаъолият дошта, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 4,5 ҳазор тонна асал истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулнокӣ аз ҳар оилаи занбӯр то18 килоро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои давлатии соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 - 2010”, Барномаи рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2016” ва “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” таҳия ва амалӣ карда шуданд, ки дар самти ривоҷ додани занбӯриасалпарварӣ дар мамлакат такони тозза бахшиданд.
Барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон дар минтақаҳо, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва бо ин васила таъмини устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” таҳия гардида, дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад.
Дар доираи амалишавии барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон” 520 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 290 оила занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрока харидорӣ гардида, ба занбӯриасалпарварони инфиродии мамлакат тақсим карда шудааст.
Дар баробари ин аз хориҷи кишвар барои беҳтар намудани зоти занбӯриасали дар ҳудуди мамлакат парваришёбанда 800 адад модарзанбӯри бордоркардашудаи зотҳои “карпатӣ” ва “корникӣ” ворид гардида, дар оянда аз ҳамин ҳисоб зиёда аз 10 ҳазор оилаи занбӯри асал хушзот карда мешавад. Аз модарзанбӯрони воридгардида, 60 адади он ба занбӯрпарварони ноҳияи Ховалинг дастрас карда шудааст.
Дар асоси дастури Роҳбари давлат бо дарназардошти зиёд будани талабот ба маҳсулоти асал дар ҷумҳурӣ тӯли чанд соли охир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 5 корхонаи коркард ва банду басти асал таъсис ёфта, фаъолияти назаррас доранд, ки яке аз онҳо дар ноҳияи Ховалинг мебошад.
Дар коргоҳи мазкур коркарди асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда шуда, раванди истеҳсолот тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосир амалӣ мегардад. Ин коргоҳ имкон дорад, ки дар як шабонарӯз 3 ва дар як моҳ 90 тонна асали табииро коркард карда, дар зарфҳои шишагини ҳаҷмашон аз 0,5 то 2 литра ва зарфҳои махсуси хурд банду баст намояд. Ҳоло дар коргоҳи мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ фаъолият менамоянд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ховалинг табиати бою рангин дошта, дар баландкӯҳҳои ин минтақа гулу гиёҳҳои зиёди шофобахш мерӯяд ва маҳз ҳамин имкониятҳои табиӣ барои занбӯриасалпарварӣ ва рушди соҳа хеле мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамасола оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия зиёд карда шуда, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст оварда мешавад. Занбӯрпарварони ноҳия асали ҷамъовардаи худро ба бозорҳои истеъмоли дохил ва хориҷи мамлакат пешниҳод менамоянд.
Натиҷа ҳамин аст, ки соли 2022 дар ноҳияи Ховалинг дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 4 ҳазору 357 оилаи занбӯр 74,5 тонна асал ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳоло дар ноҳия беш аз 150 нафар занбӯриасалпарвар фаъолият менамоянд ва дар умум 4 ҳазору 362 оилаи занбӯр мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиш додани теъдоди оилаҳои занбӯри асал ва боз ҳам бештар рушд додани ин соҳаи сердаромад ба занбӯрпарварони ҷумҳурӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доранд.