Главная / Все новости
     НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ АГЕНТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

                                                                                                НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ АГЕНТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Таҳти роҳбарии директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон ва бо иштироки роҳбарони сохторҳои Агентӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Агентӣ дар вилояти Хатлон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати хизматрасонии мақомоти шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҷаласа директори Агентӣ ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, кабудизоркунӣ ва ободонии атрофи биноҳои маъмурӣ, ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба курсҳои касбомӯзӣ, мусоидат ба таъмини шуғли шаҳрвандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ташкили мунтазами ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти сохторҳои Агентӣ бояд ба татбиқи босамари сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ, рушди бозори меҳнат ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон равона гардида, бо истифода аз усулҳои муосири идоракунӣ ва хизматрасонӣ тақвият дода шавад.

Наши партнеры